Перейти к содержимому
 

 Дар толори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ» ҷамъбаст гардид. Тавре маълум гардид, дар ин озмун хонандагони Муассисаҳои таълимии 4 ноҳияи пойтахт ва намояндагон аз табақаҳои мухталифи ҷомеа ширкат варзиданд. Дар ин давр ғолибони даври ноҳиявӣ иборат аз 100 нафар ширкат карда, тибқи натиҷагирии аъзои ҳакамони озмун 10 нафар беҳтаринҳо тавонистанд шаҳди пирӯзиро чашанд. Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмуну маҳфилҳо донишу малака ва маҳорати  насли наврас ва ҷавононро ҳамарафа такмил медиҳад.   

Дар толори Муассисаи таълимии рақами 48-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Рӯзи омӯзгор бо тантана таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур масъулини ноҳия, мудири шуъбаи маориф, роҳбарони Муассисаҳои таълимию томактабӣ инчунин хонандагони фаъол ширкат доштанд. Дар ин ҳамоиш ба роҳбарону омӯзгорони соҳибтаҷриба ва собиқадор дар вазъияти тантанавӣ нишони  сарисинагии  аълочии маориф ва илми ҶТ ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Дар идомаи тадбири ҷашнӣ аксар омӯзгорони соҳибтахассус, ки шогирдонашон дар озмуну олимпадаҳо  ширкат варзида соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд бо ифтихорномаю мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Идома

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябри соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи муштараки навбатии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва ҷониби Қирғизистонро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев роҳбарӣ намуданд.

Дар рафти ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи  сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом дода шуд.

Роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муҳиммияти ҳаллу фасл намудани минтақаҳои боқимондаи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро иброз намуда, ба аъзои гурӯҳҳои корӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳоро барои тартиб додани нақшаи лоиҳаи хатти марзи давлатӣ дар қисматии боқимондаи сарҳади давлатӣ  идома медиҳанд.

Дар рафти вохӯрӣ муҳиммияти тақвият бахшидани дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва эътимодӣ байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷоннок намудани ҳамкории дуҷониба зарур шуморида шуд.

Аз натиҷаи вохӯрии ҳайатҳои байнидавлатии ду ҷониб протокол ба имзо расид.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 50 муассисаи таълимӣ ва 5 муасисаи томактабӣ фаъолият мекунад. Яке аз ин муассисаҳо таълимгоҳи №14- ум мебошад, ки соли 2017 ба фаъолият оғоз намудааст. Муассисаи мазкур 3 ошёна буда, дар он 753 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онхо 47 нафар омўзгорони соҳибтахассус дарс мегўянд. Тибқи иттилоъ дар таълимгоҳ  13 синфхона ва барои омўзиши фанҳои дақиқ 4 синфхона, ҳамзамон толори варзишӣ,  китобхона, маҷлисгоҳ барои 204 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Сатҳу сифати таълим дар ин макони илму маърифат хуб ба роҳ монда шуда, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ аз забони англисӣ назаррас мебошад. Чун фасли сармо наздик аст, тамоми муасисаҳои таълимиву томактабӣ ва дигар идораҳо ба ин фасл омодагӣ дида истодаанд.  

Дар шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати мқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаи гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор шуд. Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар Амфитеатри «Аҳорун» ҳамоиши тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд. Дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе 426 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел шуданд.

ДУШАНБЕ, 02.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 Ҳақназар Назаров аз намуди гӯштини кураш дар вазни то -90 кг медали 5-умро барои Тоҷикистон ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Паҳлавони тоҷик дар даври якум бар Жамалбек Уулу аз Қирғизистон ва дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Коматсу Чисатои ҷопонӣ пирӯз гардид.

Дар даври нимниҳоӣ Ҳақназар Назаров аз паҳлавони Кореяи Ҷанубӣ Ким Мингю мағлуб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қаблан аз Тоҷикистон дар ин Бозиҳо Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, -81 кг)- медали тилло, Темур Раҳимов (ҷудо, +100 кг)- медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, -73 кг)- медали биринҷӣ ва Хайрандеш Муродзода (гӯштини кураш, -66 кг)- медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 23 сентябр оғоз гардида, то 8 октябр идома меёбанд.