3 ноябр дар шаҳри Ал-Кувайт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Ал-Холид Ал-Ҳамад Ал-Муборак Ас-Сабоҳ мулоқот намуданд.
ИдомаРаздел: Хабарҳо
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт.
3 ноябр дар Қасри Девони Амир мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Кувайт дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз шуда, бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
ИдомаОғози сафар ва маросими истиқболи расмӣ дар Давлати Кувайт.
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Давлати Кувайт шуданд.
ИдомаСафари расмӣ ба Давлати Кувайт.
3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ ва иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” ба Давлати Кувайт сафар карданд.
ИдомаТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. Туҳфаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Идома«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад.
ДУШАНБЕ, 02.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар шаҳри Душанбе даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад, ки дар он 574 нафар иштирок менамояд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи корӣ оид ба баргузории даври чоруми озмуни мазкур, ки имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
ИдомаМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
31 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
ИдомаСуханронӣ дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос.
Муҳтарам устодон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи боз як муассисаи таҳсилоти олии омодасозии кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилии мамлакат самимона табрик мегӯям.
ИдомаБа истифода додани бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар шаҳри Душанбе.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Пахтакори ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомиро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаИфтитоҳи корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан ҶДММ “АРК саноат” дар шаҳри Душанбе.
29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти ҶДММ “АРК саноат” оғоз бахшиданд.
Идома