Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе татбиқи лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ» оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳи он намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадафи татбиқи лоиҳаи мазкур- фароҳам овардани шароит барои ташаккули эътиқоди ҷавонон барои интихоби тарзи ҳаёти солим бо роҳи баланд бардоштани сатҳи донишу малака ва сатҳи маълумотнокии онҳо мебошад. Дар доираи он мутахассисони соҳаи тиб ба ҷавонон оид ба ҳифзи саломатӣ маълумот медиҳанд.

Зимни он гуфта шуд, ки ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад. Маҳз масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим бо иштироки ҷавонон дар ҳалли масъалаҳои бахши тандурустӣ аҳамияти бузург доранд.

Танҳо тавассути ҷалби саъю кӯшиши бахшҳои гуногун ва ҷомеаҳо тарзи ҳаёти солимро таъмин ва барои саломатӣ муҳити мусоид фароҳам овардан мумкин аст. Пешбурди тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтарсозии нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад.

Дар ин радиф Кумита тасмим гирифт, ки дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 лоиҳаи «Ҷавонон барои саломатӣ»-ро татбиқ намояд.

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати зиёда аз як саду ҳафтоднафараи устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби занону духтарон ва ҷавонон  дар мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо рафти  корҳои сохтмонӣ ва иншоти асосии неругоҳ  шинос шуданд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷараёни сафар аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» 600 нусха китобу адабиёти тозанашр тақдим гардид.

Инчунин барои болидахотирии коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби дастаи ҳунарии «Наврӯз» — и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангӣ- фароғатӣ пешниҳод шуд.

Ин тадбири роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боиси руҳбаландии коргарону сохтмончиёни иншооти азими гидроэнергетикии мамлакат-НБО «Роғун» гардида, умеду боварии онҳоро дар партави дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ояндаи боз ҳам дурахшони Тоҷикистон афзун менамояд.

Ҳамин гуна иқдомро дар пайравӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дигар муассисаҳои олии таълимии  мамлакат низ дар рӯзҳои таътили тобистонӣ метавонанд барои ҳайати кормандон ва устодон амалӣ намуда, бо рафти корҳои сохтмони дар неругоҳ ва шукӯҳу шаҳомоти ин иншооти нодири гидроэнергетикӣ аз наздик шинос шаванд.

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. 17 август муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо ҷараёни омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, хусусан таъмини муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсию бадеӣ ва ҷойи нишаст дар муассисаи таълимии №23, муассисаи таҳсилоти томактабии №3 ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омоданамоии мутахассисони босаводу донишманд ва истифодаи усулҳои нави таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил бори дигар таъкид карда шуд.

Зимнан тазаккур дода шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Аз ин рӯ омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат барои таълим ва тарбияи дурусти насли ҷавону наврас тадбирҳои зарурӣ андешанд .

Инчунин масъулин ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо либоси ягонаи мактабӣ, фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли таҳсили 2023-2024 ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.

Ҳамасола дар арафаи соли таҳсили нав дар сар то сари ҷумҳурӣ машварати августии кормандони соҳаи маориф баргузор мегардад. Аз ҷумла чунин як тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ дар таълимгоҳи рақами 23-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фаннӣ ва кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Гуфта шуд, ки роҳандозии чунин машваратҳои омўзишӣ - дастурдиҳӣ ба манфиати кор ва соҳа буда, ба омӯзгорони ҷавон роҳу усул ва методҳои нави таълиму тарбияро меомӯзонад, ҳамзамон аз омӯзгорони собиқадор таҷриба мегиранд,ки ин тадбир дар рушду густариш ва пешрафти  минбаъдаи  соҳаи мазкур нақши  муассир  мегузорад.

ДУШАНБЕ, 18.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 июли соли 2023 бо мақсади дастрасии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар ҷойҳои муайянгардида бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ идома дорад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба ярмаркаи доимамалкунанда-намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ, воқеъ дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» рафта, бо масъулин ва волидайни хонандагон ҳамсуҳбат гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 18.08.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб Боғи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Идома

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар кӯдакону наврасони ятиму дорои имконияташон маҳдуди ҷисмонӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот карда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.

Идома

17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

Идома