ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми кӯдакон ва ҷавонон бахшида ба ҳифзи пиряхҳо (Тавонмандсозии насли оянда: садоҳо барои ҳифзи пиряхҳо ва иқдоми иқлимӣ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаАвтор: ТВБ
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Китобхонаи миллӣ толорҳо барои гузаронидани чорабиниҳои канорӣ пурра омода карда шудаанд.

ДУШАНБЕ, 27.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. То оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31май) ду рӯзи дигар боқӣ монд. 8 толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои баргузории чорабиниҳои канорӣ, ки 29 май дар чаҳорчӯби ин конфронс доир мегарданд, пурра омода карда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин китобхона хабар доданд.
Идома«Happy steps»
Суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол.

22.05.2025, Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Ню-Йорк
Муҳтарам Раиси иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҷаноби Филемон Янг,
Ҳозирини гиромӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
...Идома "Суханронии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол."Сарвари давлат: «Футбол дар Тоҷикистон рамзи ваҳдат ва ифтихори миллӣ мебошад».

ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷикро дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ таъкид намуда, тазаккур доданд, ки инҳо натиҷаи самарабахши сиёсати давлат дар самти варзиш мебошанд.
ИдомаҶавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳсил доранд.
ДУШАНБЕ, 25.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон таҳсили илм доранд. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон.
ИдомаШоми Гулистон
Рустами Эмомалӣ дар ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон» дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуданд.

ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи рақамӣ таҳти унвони «Риштаҳои анъанаҳо: ҷашни мероси фарҳангии Тоҷикистон», ки дар намоишгоҳи маъруфи «Artechhouse»-и шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ИдомаПиряхҳо — манбаи оби тоза
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуданд, шаҳри Ню-Йорк.









