Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 14.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагии сокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва амалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳои кишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ашқобод, ки дар ҳошияи форуми байналмилалии «Муколама-кафили сулҳ» доир гардид, гӯшаи Тоҷикистон ташкил  шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Идома

Соли  таҳсили 2023-2024 барои хонандагону аҳли омӯзгорони Гимназияи 2-юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли бобарор омад. Зеро таълимгирандагони ин макони илму дониш ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шуданд. Дар Гимназияи  мазкур 985 хонанда таҳсил менамояд, ки ба онҳо 57 омӯзгори соҳибтахассус  таълим медиҳанд. Ҳамин аст, ки  соли равон дастаи олимпии таълимгоҳ ба дастовардҳои хуб ноил гардиданд.Хонандагон аз рӯи 13 фанни  таълимӣ дар олимпиадаи даври ноҳиявӣ ширкат варзида 80 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои намоён гардида, ба даври шаҳри роҳхат гирифтанд.Ҳамзамон хонандаи Гимназия Исломиддин Собиров дар озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикон-оинаи таърихи миллат" ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Аз дастовардҳои хонандагон масъулин ва омузгорони Гимназия ифтихор доранд ва минбаъд низ азм доранд, то сатҳу сифати таълиму тарбияро хубтару беҳтар намоянд.

Масъулини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-уми ба номи Карим Саидови ноҳияи Файзобод низ баҳри дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими сармо тадбирҳои мушаххас андешидаанд. Зимни суҳбат роҳбарияти таълимгоҳ иброз доштанд, ки бо мақсади таъмини Муассиса бо ангишти хушсифат бо коргоҳҳои ватанӣ ҳамкориро ба роҳ мондаем, ки тибқи шартнома ба миқдори лозима  ангиштро дастрас кардаем. Ҳамзамон аз ҳудуди Муассиса ба миқдори муайян ҳезум низ таъмин карда шудааст, ки барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи зимистон кофӣ аст. Ҳамчунин иштироки фаъолонаи хонандагони таълимгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Тоҷикистон ватани азизи ман", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикон оинаи таърихи миллат" ва дигар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ назаррас арзёбӣ карда шуд.

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва роҳбарияти маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ» дар мавзуи «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди забони давлатӣ» байни се қишри ҷомеа аз ҳисоби сокинони шаҳри Бӯстон озмуни шаҳрии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин мақомот.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Хоруғ бо мақсади расонидани ёрии методӣ ва ба ин васила дуруст омӯзонидани ҳуҷҷатгузорӣ дар мавзуи риоя намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикситон «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати он» дар идораву муассисаҳо машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ  хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Осорхонаи  миллӣ ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Инъикоси осори аллома Бобоҷон Ғафуров  дар Осорхонаи миллӣ» намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур  то 5 январи соли 2024  идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири  шуъбаи экскурсионӣ ва омммавии Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои наву замонавии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»-ро, ки бо тарҳ ва шакли зебо бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 13.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии маъмурии Прокуратураи генералиро ифтитоҳ намуданд.

Идома