ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Занони ҳунарманди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти ҳунармандияшон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузоштааст, дар нашрияи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) USAID Tajikistan таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ» муаррифӣ шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
ИдомаАвтор: ТВБ
АЗ «ТОҶИКОН» САБАҚ ГИРЕМ! Академик Бобоҷон Ғафуров исбот намудааст, ки тоҷикон қадимтарин сокинони Осиёи Миёна мебошанд.
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз осори муаррихон огоҳ ҳастем, мақсади асосии омӯзиши фанни таърих маҳз он аст, ки мо бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ гирем. Бояд аз комёбиҳои аҷдодони худ ифтихор намуда, онҳоро ҳифз намоем ва ба ояндагон ба мерос гузорем. Афкори илмии академик Бобоҷон Ғафуровро таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки муаррих бо нашри китоби «Тоҷикон» мехост собит намояд, ки дар ҳудуди васеи Осиёи Миёна аз замони қадимтарин ва қадим тоҷикон маскун буданд. Ин нуктаро дотсенти кафедраи таърих ва диншиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Аловиддин Шоинбеков ба АМИТ «Ховар» иброз намуд. Дар зер мулоҳизаҳои номбурда дар бораи аҳамияти омўзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров пурра оварда мешавад:
ИдомаПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
ИдомаХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ! Дар Бадахшон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба Артиши миллӣ ҷамъбаст ва намояндагони касбу кори гуногун қадрдонӣ гардиданд.
ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, намояндагони мақомоту сохторҳое, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ саҳми муносиб гузоштанд, бо «Сипоснома»-и Раиси вилоят, «Ифтихоронома»-и Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал қадрдонӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Идома35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Қубодиён муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ бунёд мешавад.
ДУШАНБЕ, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бунёди муассисаи томактабӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.
ИдомаБа адабиётшиноси тоҷик Дипломи байналмилалии ба номи Шекспир тақдим гардид.
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи умумиҷаҳонии нависандагон, ки марказаш дар шаҳри Мюнхени Олмон қарор дорад, бо пешниҳоди Шурои ҳайати таҳририяи тазкираи адабиёти муосири халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов Дипломи байналмилалии ба номи Шекспиррро сазовор донист.
ИдомаИмрӯз дар Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор шуд.
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 31-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дусти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.
Идома«ДАРГОҲИ ҲУНАР ВА МАЪРИФАТ» ВА ТЕАТРҲОИ ХАЛҚӢ «ҶОНБАХШИ САТРҲО». Дар Душанбе озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ ҷамъбаст шуданд.
ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ва театрҳои халқӣ «Ҷонбахши сатрҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.
ИдомаКумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд.
ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Идома16 декабр дар Душанбе мусобиқаи «Дави дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад.
ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бахшида ба 31- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа — 7 км ва 5,5 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе муқаррар карда шудааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Идома