Перейти к содержимому
 

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар «Кохи Суруш» консерти хайриявӣ баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 30.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мамлакат  консерти хайриявӣ  баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат»  нақша дорад, ки ду лоиҳаи барои мардуми деҳот муҳим: лоиҳаи таъсиси Маркази омӯзишии ҷавонон ва занҳо дар ноҳияи Деваштич ва лоиҳаи сохтмони бинои нави Маркази саломатии деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакентро татбиқ намояд.

Пеш аз консерт намоиш ва фурӯши маҳсулоти занони дорои маъюбият ташкил карда мешавад

Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳаҳои иҷтимоӣ  аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Садоқат” саҳмгузорӣ дар  беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тандурустӣ ва маориф тавассути сохтмон ва таъмири беморхонаву муассисаҳои таълимӣ дар маҳаллҳо  мебошад.