Перейти к содержимому
 

Бонки Осиёи Рушд бо мақсади фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ ба ноҳияҳои таҷрибавӣ — Дарвоз, Данғара ва Айнӣ маблағи иловагӣ ҷудо менамояд.

ДУШАНБЕ, 30.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи  маблағгузории иловагӣ  ба лоиҳаи  фарогирӣ бо  хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавӣ- Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди барассӣ  қарор дода шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар»  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Масълаи  мазкур  зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии Рушд Себел Вонг, мутахассиси калони соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии Рушд ва намояндагони тими дастгирии техникии бонки мазкур Хайман Вин баррасӣ шуд.

Дар мулоқот  ҷонибҳо аз ҳамкории судманд  ёдовар шуда,   доир ба   натиҷаи  татбиқи  лоиҳаи фарогирӣ бо  хизматрасонии босифати тиббӣ ва  беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таврибавӣ ибрози андеша  намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ гуфта шуд, ки амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаи тиббӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббию  маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддин Шоҳин мебошад, дар рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои мазкур заминаи муосид фароҳам меоварад.

Мусоҳибон ҳамзамон  масъалаи  маблағгузории иловагиро ҷиҳати фарогирӣ бо  хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар -Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди муҳокима қарор доданд.

Бонки Осиёии Рушд  соли равон  гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро  тасдиқ намуда,  корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад.

Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеъа мебахшад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ дар моҳи июли соли 2024 оғоз гардад. Он инчунин ба дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустӣ идома медиҳад.

Дар интиҳои вохўрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуда,  оид ба тақвияти ҳамкории минбаъда таклифҳои муфид пешниҳод намуданд.