Перейти к содержимому
 

«ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дониши довталабони ин озмун дар доираи 100 хол баҳогузорӣ мешавад.

ДУШАНБЕ, 28.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», дар саволномаи озмун 1092 савол ҷой дода шудааст. Ба ҳар довталаби озмун саволҳо дар алоҳидагӣ, бе такрори он дар ҳаҷми 9 савол дода мешавад, ки аз ин шумора як савол ҳатман ба ҳаёту эҷодиёти академик Бобоҷон Ғафуров дахл дошта, саволи дигар ба мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон рабт дорад, яъне расми ёдгориҳо пешниҳод мешавад ва иштирокчӣ бояд дар бораи он маълумот дода тавонад. Дар ин хусус зимни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат», ки он имрўз, 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад, хабар доданд.

Дар даври чорум саволҳои иштирокчиён тариқи барномаи комютерӣ пешниҳод гардида, иштирокчиён ба он шифоҳӣ ҷавоб дода, баҳои онҳоро ҳакамон тариқи комютер мегузоранд. Яъне бо мақсади шаффоф гузаронидани ин давр баҳои онҳо низ дар компютер сабт мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, дониши иштирокдорони озмун дар доираи 100 хол баҳогузорӣ карда мешавад. Аз ҷониби ҳакамон дар маҷмуъ ба дониши довталабон то 70 хол гузошта мешавад. Иштирокчиён 30 холи дигарро дар натиҷаи посухи саҳеҳ ба саволҳои иловагии ҳакамон гирифта метавонанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 24 то 28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» баргузор гардида, маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон 1 декабр дар назар дошта шудааст.

Озмун 24 ноябр шуруъ гардида, дар он аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 нафар, вилояти Хатлон 24 нафар, вилояти Суғд 24 нафар, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 24 нафар ва шаҳри Душанбе 24 нафар, дар маҷмуъ 115 нафар иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Дар даври чоруми озмун 115 нафар иштирок намуданд.

Хотиррасон мешавем, ки барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2023 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 480 000 (як миллиону чорсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмун арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мебошад.

Донишҳои таърихии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондани асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва осори дигари таърихӣ муайян мешаванд, аз ҷумла:

— донистани маълумоти муфассал доир ба асари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва муаллифи он;

— қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои таърихии давраҳои муайян;

— баёни лаҳзаҳои муҳимми асар, қобилияти ровигӣ, сухандонӣ, асоснокнамоии рӯйдодҳои таърихӣ ва мақоми онҳо дар таърихи халқи тоҷик;

— донистани санаҳои муҳимми таърихӣ, давраҳои таърихӣ ва чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик;

— донистани мероси таърихию фарҳангии моддиву маънавии халқи тоҷик;

— маълумот доир ба ёдгориҳои таърихӣ, мавзеъҳои таърихӣ, ки баёнгари таърихи бостони миллати тоҷик мебошанд;

— донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ оид ба таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик.