Перейти к содержимому
 

«ИНЪИКОСИ ПИРЯХҲО ДАР ОСОРИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Кӯлоб таҳти ин унвон намоиш ифтитоҳ ёфт.

КӮЛОБ, 27.11.2023  /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб бахшида ба  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон  гардидани  соли 2025 зери  унвони «Инъикоси пиряхҳо дар осори рассомони Тоҷикистон» намоиш ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар ҳар кадоми он пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлу дарёҳо тасвир шудаанд, ки аз   оби ошомиданӣ бой будани ҷумҳурии моро нишон медиҳанд. Ҳангоми эҷоди мусаввараҳо рассомон инчунин ба тасвири табиати зебои диёр, кӯҳҳои барфпӯш ва деҳаҳои кӯҳистон аҳамият додаанд.

Бояд гуфт, ки масоҳати умумии пиряхҳо дар ҷумҳуриамон тақрибан 8,5 ҳазор метри мураббаъ буда, қариб шаш фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва дар баландиҳои аз 3500 то 5300 метр ҷойгир шудаанд. Дар Тоҷикистон 13 ҳазор пирях, 1300 кӯл, 947 дарё, 1000 чашма ва обҳои маъданӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин лиҳоз рассомон дар асарҳои худ манзараҳои зебо, аз ҷумла пиряхҳо ва табиати диёри кӯҳистонро бо меҳри беандоза таҷассум намудаанд.

Намоиши асарҳои рассомон то 30 ноябр идома меёбад.

Хотиррасон мешавем, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул намуд. Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати аъзои ин созмон ҷонибдорӣ намуданд.

Қабули чунин қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.