Перейти к содержимому
 

Таҷлили Рӯзи омӯзгор дар Муассисаҳои таълимӣ.

Дар таълимгоҳи рақами 53-юми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор ҳамоиши бошукуҳ доир гардид. Дар ин тадбири хотирмон масъулини  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур ширкат варзида, аҳли маорифи ноҳияро ба рӯзи идашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барору комёбиро таманно намуд. Сипас ба як зумра директорони Муассисаҳои таълимӣ ва мудирони Муассисаҳои томактабӣ ва омузгорони  пешқадаму собиқадор нишони сарисинагии аълочии маориф ва илми ҶТ супорида шуд. Дар  интиҳо ба теъдоди зиёди омӯзгорону мураббияҳо ва китобдорон низ мукофоту ифтихорномаҳо супорида шуд.