Перейти к содержимому
 

Рӯзи омӯзгор.

Дар Муассисаи томактабии рақами 150-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи омӯзгор маҳфили адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ насли наврас бо либосҳои идона ҳозир шуда шеъру сурудхонӣ намуданд. Маълум гардид, ки дӯстрӯякон нисбат ба мураббияҳо ва омӯзгорон меҳри беандоза дошта, ба суханҳои онҳо хуб гӯш медиҳанд. Насли наврас зимни  баромадашон бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ҳозиринро табрику таҳният гуфтанд. Инчунин рақси мавзуни миллӣ ба ин тадбир таровати хоса бахшид. Дар интиҳо  суруди умумии «Мо насли Тоҷикистон» -ро хурдсолон хеле хуб  хонда, худро чун ояндасозони ин давлату ин кишвар муаррифӣ карданд.