Перейти к содержимому
 

ПЕШВОИ МАОРИФПАРВАР. Дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3400 мактаби нав сохта шуд, ки аз 70 соли гузашта зиёд аст.

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар солҳои истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳол он ки дар 70 соли замони пеш аз истиқлол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд. Ин маълумот дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 дарҷ гардидааст.

Мавриди ёдоварист, ки танҳо имрӯз, 31 август дар пойтахти мамлакат бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 3 ҳазору 380 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки соли равон дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муасисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта, ба истифода дода шуд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд».

Бо ҳамин мақсад дар соли таҳсили 2023-2024 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазору 138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Дар айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ 3967 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 301 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 431 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3235 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои типи нав 159 адад буда, аз ҷумла 76 гимназия ва 83 литсей сабт шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2021-2022 дар мамлакат 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ зиёд шудааст.

Шумораи умумии хонандагон 2 миллиону 232 ҳазору 114 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 79 ҳазору 197 нафар духтарон мебошанд.

Тибқи таҳлили оморӣ, имсол тақрибан 220 ҳазор кӯдак ҳамчун хонандаи синфи якум ба мактаб мераванд.