Перейти к содержимому
 

Дар арафаи Рӯзи дониш ба ятимони кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид.

ДУШАНБЕ, 31.08.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи дониш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба 45 нафар ятими кулл, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум шудаанд, либосҳои мактабӣ тақдим шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар доданд.

Иқдоми мазкур дар партави сиёсати ятимпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.

Дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат, ки ба фароҳам овардани шароити зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ятимону бепарасторон авлавият дошта,  мавқеи хосро сазовор ҳастанд.

Ятимони кулл ба Пешвои маҳбуби миллат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгириву ғамхориҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, азм намуданд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд, донишманду бомаърифат ба воя расида, ба арзишҳои миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ арҷ мегузоранд ва ба халқу Ватани хеш хизмати содиқона менамоянд.