Перейти к содержимому
 

Сангвор: чаро кӯдакистони «Калидчаи заррин» сохта намешавад?

САНГВОР, 20.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, дар ноҳияи Сангвор бояд аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» сохтмони Муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи заррин» оғоз мегардид. Аммо бо сабабҳои маълум, аз ҷумла тағйирот даровардан дар лоиҳаи он то ба ҳол сохтмони кўдакистон оғоз нагардидааст. Дар маркази ноҳияи Сангвор мушкилии набудани кӯдакистон барои қариб сад кӯдак то ҳол боқӣ мондааст. Мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Соли 2019 бо мақсади рушди таҳсилоти томактабӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»-ро қабул намуд, ки вобаста ба иҷрои ин барномаи давлатӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даҳҳо кӯдакистонҳои наву замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Ноҳияи Сангвор яке аз дурдастарини ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат ба ҳисоб рафта, дар маркази он як кӯдакистон бо фарогирии 50 нафар хурдсол фаъолият дорад.

Тибқи иттилои масъулини ин кӯдакистон, имрӯзҳо барои дар муассисаи томактабии маркази ноҳия таълиму тарбия гирифтан қариб 100 нафар кӯдак дар навбат истодаанд. Онҳо аз ин шумора дар соли 2023 дар ҷойи кӯдаконе, ки барои таҳсил ба синфи якум рафтанд зиёда аз 7 нафар кӯдакони дар навбат истодаро қабул менамоянд.

Хушбахтона, барои бартараф гардидани ин мушкилии ноҳия ва амалишавии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сентябри соли 2021 дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Сангвор ба бунёди муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи заррин» оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ин чорабинӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки кӯдакистони мазкур барои 100 нафар дӯстрӯяк бо иқдоми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» бунёд карда мешавад. Фармоишгари муассисаи нави томактабӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор буда, лоиҳаи иншооти зебо аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ»-и шаҳри Душанбе таҳия гардидааст.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, ҳарчанд ҳуҷҷатгузории замини ин муассиса ба талабот ҷавобгў буда, он бо беҳтарин лоиҳаи замонавӣ таъмин гардида бошад ҳам, мутаассифона, бо баҳонаҳои тағйирот даровардан дар лоиҳаи он сохтмони муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи заррин» то имрӯз аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зарринк» дар ноҳияи Сангвор оғоз нагардидааст.

Масъулини ҶДММ «Зарринк»-ро зарур аст, ки ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор буда, муассисаи томактабии замонавии «Калидчаи заррин»-ро дар маркази ноҳияи Сангвор аз рўи лоиҳаи замонавии барои 100 кӯдак бунёд намуда, ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанду ба ваъдаи додаи хеш вафо намоянд.

Дар ноҳияи Сангвор айни замон се кӯдакистон бо фарогирии 150 кӯдак фаъолият дорад, ки онҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Заршуён, Чилдара ва маркази ноҳия ҷойгир мебошанд.

Дар ноҳия талабот ба фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ хеле зиёд мебошад. Аз ин рӯ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор дар назди 21 муассисаи таълимӣ 21 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдакро бо фарогирии 277 нафар хурдсолон ташкил намудаанд. Дар ин гурўҳҳо беҳтарин мураббияҳо ба хурдсолон таълиму тарбия медиҳанд.