Перейти к содержимому
 

Дар шаҳри Гулистон Академияи футболи «Сомониён» ба фаъолият оғоз намуд.

ГУЛИСТОН, 20.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби собиқ футболбози дастаи  мунтахаби мамлакат ва сарбони ҳозираи дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Эргашев Академияи футболи «Сомониён» таъсис дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар доданд.

«Сомониён» бо чорабинии тантанавии идона дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба фаъолият оғоз намуд. Дар кушодашавии он аъзои академия, мураббиён ва  волидайн иштирок намуданд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев  изҳор дошт, ки солҳои охир дар ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди варзиши рақами 1-и ҷаҳон – футбол тадбирҳои муассир андешида шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо ва барномаву ҳадафҳо буд, ки тими мунтахаби мамлакат дар таърих аввалин маротиба ба Чемпионати Осиё, ки соли 2023 дар давлати арабии Қатар баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Дар шаҳри Гулистон ба  рушди ин навъи варзиш таваҷҷуҳи хоса  зоҳир мегардад. Натиҷаи ин таваҷҷуҳ аст, ки дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон дар Лигаи якуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол ҳунарнамоӣ мекунад.

Волидайни таълимгирандагон ва сокинони шаҳр аз кушодашавии Академияи футболи «Сомониён» хушҳол  буда, ба муассисони он изҳори сипос намуданд.