Перейти к содержимому
 

Идомаи даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».

Дар толори таълимгоҳи рақами 90-уми ноҳияи Синои пойтахт даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо муваффақият идома дорад. Ба ин даври озмуни мазкур аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино 1860 нафар довталаб роҳхат гирифтанд, ки онҳо аз рўи 6 номинатсия дар назди ҳайати ҳакамон ҳунару истеъдоди худро нишон доданд. Бояд гуфт, ки ба узви ҳакамони озмуни мазкур кормандони соҳаи маориф, аҳли адаб шомил шуданд ва ба ҷавобҳои иштирокчиён холисона баҳогузорӣ менамоянд. Тибқи иттилоъ пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян гардида, ба даври дигар роҳхат мегиранд.