Перейти к содержимому
 

Оғози даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман».

Даври якуми озмуни ҷумуҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумхуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуд. Аъзои ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорон ва аҳли санъат интихоб шуда, ба ҳар як довталаб аз руӣ асари навохтааш баҳогузорӣ намуданд. Тибқи иттилоъ дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 60 нафар таълимгирандагони мактабҳои мусиқии ноҳияи Фирдавсӣ ва дӯстдорони санъат ширкат намуданд. Хотирасон менамоем, ки озмун бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ташкил ва баргузор карда шуд.