Перейти к содержимому
 

Маросими ҷоизасупории лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» дар шаҳри Душанбе.

Мавсими нуҳумин лоиҳаи бошукуҳи футбол барои кӯдакон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» миёни дастаҳои деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт ба анҷом расид. Дар маросими ҷамъбастии лоиҳа, ки дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» доир шуд, роҳбарияти ФФТ ва лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар, сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки  лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила дар се категорияи синну сол 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, 23000 кӯдакро ба футбол ҷалб намуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот 16 даста дар ҳар як синну сол бо ҳам нерӯ санҷида пас аз ду моҳи рақобатҳо ғолибон муайян шуданд.