Перейти к содержимому
 

Баргузории даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2022»

Дар Муассисаи  томактабии № 157 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2022» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 12 мураббия, ки дар даври аввал ғолиб омаданд, иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки  озмун аз рӯи 10 шарт, ҳисоботи эҷодӣ, донистани ҳуқуқҳои меъёрии соҳаи маориф, маҳорати  ҳунармандӣ, донистани муаммоҳои педагогӣ  ва психологӣ, кор бо технологияи муосир, машғулият дар гурӯҳ     гузаронида мешавад.