ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе пиру барно барои таҷлили Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, ҷамъ омадаанд. Бо истифода аз ин фурсати муносиб наметавон аз зебоии боғҳои камназир ва гулгаштҳои дилрабои пойтахт, фаввораҳои зебою дилфиреб, гулу буттаҳои рангорангу назаррабо, дарахтони нодири ҳамешасабзу сояафкан ва ороишии он ҳарф назад. Душанберо беҳуда боғшаҳр ном намебаранд. Имрӯзҳо боғҳо ва гулгаштҳои Душанбе ба макони писандида ва сайру саёҳати сокинону сайёҳони пойтахт табдил ёфтаанд.





















