Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо иқдоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаҳои таълимӣ ва томактабии 4 ноҳияи пойтахт дар байни масъулин ва кормандони соҳа машваратҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шуд. Ташкили чунин тадбирҳо саривақтӣ ва ба маврид буда, он барои омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва дастгирӣ намудани мутахассисони ҷавон мусоидат мекунад. Чунин семинар - машварати омӯзишӣ дар таълимгоҳи рақами 22-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки директорони Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ва намояндаи шуъбаи маориф баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки роҳбарони Муассисаҳо дар як зумра соатҳои дарсии омӯзгорону директорон ширкат варзиданд.
Раздел: Хабарҳо
Баргузории озмуни «Хонандаи сол».
Дар таълимгоҳи рақами 51-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби насли наврас ба китобу китобхонӣ ва дарёфти наврасони боистеъдод ва сухандону суханвар даври ноҳиявии озмуни «Хонандаи сол» баргузор гардид. Озмуни мазкур бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи ҳудуди ноҳия доир шуда, масъулин ҳадафу мақсадҳои асосии озмунро ба шогирдон фаҳмониданд ва онҳоро ба шартҳои ин сабқати зеҳнӣ - маърифатӣ шинос намуданд.Довталабон аз 11 фанни таълимӣ аз рӯи 5 шарти озмун дониш ва маҳорати хешро санҷиданд.
Бозгашти муваффақонаи варзишгарони тоҷик аз чемпионати ҷаҳон.
Дар Аморати Муттаҳидаи Араб чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу миёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии раиси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов ширкат варзида ба гирифтани 10 медал, 2 тилло, 6 нуқра ва 1 ҷоизаи биринҷӣ мушарраф шуданд. Аз ҷумла, Сиёвуш Муқимов ва Абдукарим Самадов соҳиби унвони қаҳрамонии чемпионати ҷаҳон шуданд. Аҳмадҷон Наримов ҷои дуюм ва Муҳаммад Сангинов мақоми сеюмро касб карданд. Варзишгардухтари тоҷик Нозия Қосимова медали нуқра ба даст овард.
Омодагӣ ба мавсими сармо.
Дар Муассисаи томактабии рақами 124-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ баҳри бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бино ба иттилоъи масъулин Кӯдакистони мазкур аз 12 гуруҳ иборат буда, ҳамаи онҳо дорои шароити мусоид мебошанд. Роҳбарияти Муассисаи мазкур барои бо гармӣ таъмин намудани гуруҳҳо аз таҷҳизоти гармитаъминкунандаи Боллер истифода карда, дар баробари ин ба миқдори муайян захираҳои иловагӣ доранд. Ҳолати кории таҷҳизотҳои гармидиҳанда пайваста назорат карда мешавад.
Иштироки муваффақонаи хонандагон дар олимпиадаи байналмилалӣ.
Дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» 20 нафар хонандагони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, 28 нафар сазовори зинаи дуюм ва 47 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Олимпиадаи мазкур миёни синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор гардид.Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра табодули маҳорат намуданд.
Стратегияи рушди маориф.
Дар ин чорабинӣ лоиҳаи «Интегратсияи таълими салоҳиятнокӣ ва омӯзиши омехта дар барномаҳои таълимии омӯзгорон» муаррифӣ гардид. Ба муносибати муаррифии лоиҳаи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгорони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мутахассисон ва коршиносони соҳаи маориф иштирок намуданд. «Қабули «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои таҳкими ислоҳоти низоми маориф, пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ замина гузошта, дар кӯтоҳтарин фурсат илм ва маориф дар Тоҷикистон бо низомҳои пешқадами таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамқадам гардонида хоҳад шуд.
Оғози даври ноҳиявии олимпиада.
Дар таълимгоҳи рақами 72-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ шурӯъ гардид. Ин тадбири ақлонию зеҳнӣ бо ибтикори Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур роҳандозӣ шуда,иштирокдорон аз рӯи 13 фанни таълимӣ савияи дониши худро месанҷанд. Дар ин тадбир 4 ҳазору 166 нафар довталаб ширкат намуда,аз фанҳои интихоб намудаашон сабқати дониш менамоянд. Соли равон дар ин олимпиада хонандагон аз синфи 5 то 11-ум иштирок менамоянд. Даври ноҳиявии олимпиада то санаи 6-уми моҳи равон идома меёбад.
Иштироки варзишгарони наврас дар мусобиқаи Осиёи марказӣ.
Дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Осиёи марказӣ оид ба ушу доир гардид. Дар сабқати мазкур аз шаҳри Душанбе варзишгарон зери роҳбарии мураббии ҷавон Мавлон Сафаров иштирок карда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Аз ҷумла, Элянора Файзова, Салмон Бадалов, Дилшод Раҳимзода ва Самиаллоҳ Саидов соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Оғози Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе.
Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии пойтахт, таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» Фестивали III дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Фестивал аз рӯи 7 намуди варзиш: гӯштини миллӣ, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук, футбол, баскетбол, волейбол баргузор шуда, то 13 ноябр идома меёбад. Маросими ҷамъбасти он 14 ноябри соли 2022 дар назар дошта шудааст. Фестивали мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба 30 – солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.









































