Перейти к содержимому
 

Муассисаи томактабии рақами 50 - уми назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар давраи соҳибистиқлолӣ аз таъмиру тармими хушсифат бароварда шуда, дар он 120 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Муассисаи мазкур аз бинои 2 ошёна  иборат аст. Кӯдакон дар 4 гуруҳ ба таълиму тарбия ҷалб гардида,  бо 3 вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Масъулину мураббиён ва дигар кормандони хоҷагию техникӣ тайёриро ба фасли сармо ханӯз аз моҳи май оғоз карда, роҳраву гуруҳҳоро бо сифати баланд таъмиру таҷдид намуданд.Дару тирезаҳоро  ба таври муосир рангу бор ва ду қабата шишабандӣ намуданд. Дар ҳамаи гуруҳҳо  таҷҳизотҳои барқӣ насб карда шудааст, ки тавассути онҳо гуруҳҳо гарм карда мешавад.

Мусобиқаи дохилимактабӣ оид ба ушу бо дастгирии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои якҳарба ташкилу роҳандозӣ гардид. Дар сабқат беш аз 100 варзишгар иштирок намуд. Мусобиқаи дохилимактабӣ, ки аз рӯи ду навъи ушу гузаронида шуд, чун марҳилаи омодагӣ ба сабқати байналмилалии дар пеш истода маънидод гардид. Дар натиҷа Сано Абдулҳайзода, Билол Назиров, Нозанин Ҳимматова, Фурӯғ Файзова дар вазнҳои хеш ғолиб омаданд. Акнун дар пеш ушучиёнро чемпионати ҷаҳон, ки дар ИМА баргузор мегардад,  мунтазир аст.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои омӯзиши фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. Тибқи иттилои масъулин дар соли таҳсили 2021-2022 иштироки хонандагони таълимгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ зиёд гардидааст. Аз ҷумла, 40 нафар хонанда дар олимпиадаҳои фаннӣ, 3-нафар хонанда дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва 3 – хонандаи дигар дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ - Душанбе» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ҳамзамон 10 нафари дигар дар мусобиқаҳои варзишӣ иштирок намуда, бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд. Бояд гуфт, ки маъмурият ва омӯзгорони таълимгоҳ мақсад доранд, ки дар соли таҳсили 2022- 2023 иштироки хонандагонро дар озмуну олимпиадаҳои мухталиф дучанд намоянд.

Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Майдони Истиқлоли пойтахт ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур намоядагони сохторҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, роҳбарияту донишҷӯёни Донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат доштанд. Ин ҷамъомади сатҳи баланд бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар идома роҳпаймоии оммавии осоишта ҷараён гирифт. Бояд гуфт, ки ин роҳпаймоӣ аз майдони "Истиқлол" оғоз гардида, то саҳни «Боғи Парчами давлатӣ» идома ёфт. Дар қисмати дигар аз ҷониби сарбозону афсарон машқҳои низомӣ гузаронида шуд, ки иҷрои ҳар як амали он дар  дили насли наврасу ҷавон меҳру муҳаббат ва садоқат  ба ватанро бедор месозад. Қисмати фарҳангии чорабинӣ низ хотирмон ҷараён гирифта, аз ҷониби аҳли санъат барномаи идона пешниҳод карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Давоми 3 рӯз аст,ки даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷараён дорад. Ёдовар мешавем, ки имсол ба даври чоруми озмун 374 нафар роҳхат гирифт. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва  навоварӣ дар  Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология доир гардида истодааст. Бояд гуфт, ки 66 нафар довталаб, 30 нафар хонанда, 17 нафар донишҷӯ ва 19 нафари дигар калонсолон аз рӯи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дониши хешро месанҷанд. Бар асоси низомномаи озмун бо мақсади баҳогузорӣ намудан ба дониш, маҳорат ва малакаи довталабон аз ҷониби комиссияи озмун ҷадвали 10-хола муқаррар карда шудааст.

Муассисаи томактабии рақами 7-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе қабои идона ба бар дошт. Дар ин тадбир мураббиёну кӯдакон фаъолона ширкат варзида, доир ба Парчами миллӣ маълумот доданд. Гуфта шуд, ки Парчами давлатӣ рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии миллати тоҷик буда, имрӯзи моро бо ояндаи дурахшон мепайвандад ва миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик ба он арҷу эҳтиром мегузорад. Мавриди қайд аст, ки дар як вақт дар гуруҳҳои Кӯдакистон низ машғулиятҳои намунавӣ бахшида ба ин сана роҳандозӣ карда шуд, ки дар он кӯдакон фаъолмандӣ нишон доданд.

Дар Кӯдакистони №41-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи парчами давлатӣ чорабинии идона баргузор гардид.  Дар тадбири мазкур дӯстрӯякон бо тайёрии ҷиддӣ ширкат варзида, дар васфи парчам шеъру сурудҳоро қироат намуданд ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки гузаронидани ҷашну маросимҳои миллӣ   ҳар як насли хурдсолро водор месозад то аз рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ огаҳ шаванд. Дар чорабинии мазкур тарбиятгирандагон дар тан либосҳои идона, ки рамзи парчами давлатиро таҷассум мекард, суруди умумиро иҷро намуданд, ки ҷолибу дилнишин буд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирокдорон маҳорати зеҳнии хешро аз рўи номинатсияҳои физика, астраномия, математика, технологияи иттилоотӣ ва биология санҷиданд. Ногуфта намонад, ки соли равон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 14 нафар донишҷӯ аз рӯи 7 наминатсия ширкат меварзанд. Дар рӯзи аввали озмун  барои иштирокдорони фанни физика ва астрономия  5 - масъала аз барномаҳои таълимӣ пешниход гардида, ба онхо 3 соат вақт ҷудо карда шудааст.

Чорабинии мазкур ба муносибати Рӯзи Президенти ҶТ ва 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ бахшида шуд. Тадбири мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас хонандагон суруди умумиро дар васфи Тоҷикистон иҷро намуданд. Мавриди қайд аст, ки маҳз бо баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ сарнавишти халқи тоҷик ба куллӣ  тағйир ёфт. Ва дар  тадбири зикршуда, тавассути монитор ин лаҳзаҳои ҳассос манзури  аҳли толор гардонида шуд. Дар ин ҷамъомад насли наврас тавонистанд, саҳначаи пурмуҳтавои ибратомӯзро таҳти унвони «Дуои модар» манзури ҳозирин намоянд. Саҳначаи мазкур лаҳзаҳои дар Иҷлосияи Шӯрои олии ҶТ ширкат варзидани  сардори давлатро дар худ инъикос намуд, ки хеле диданию ҷолиб иҷро гардид.

Омўзгорону хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-юми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии адабӣ-фарҳангиро роҳандозӣ намуданд. Ҳамоиши мазкур аз бахшҳои мухталиф иборат буда, нахуст хонандагон дар мавриди аҳамияти ин сана маълумот доданд. Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти миллӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард.