Перейти к содержимому
 

5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд.

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд.

Идома

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Идома

4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29–30 октябр дар муассисаҳои давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» даври ниҳоии озмунҳои шаҳрии «Расми беҳтарин», «Иншои беҳтарин» таҳти унвони «Конститутсия – рамзи Истиқлол» ва «Беҳтарин донандаи Конститусия» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд.

Идома

24 октябр дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи нави саноатиро бо 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.

Идома

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода доданд.

Идома

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 ва 8,5 километр роҳҳои дохили деҳаро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Идома

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд.

Идома