Перейти к содержимому
 

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

Идома

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулиятимаҳдуди “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Идома

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе”-ро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти корхона боздид карданд.

Идома

Субҳи рӯзи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи “Солҳои рушди саноат” ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Хишекати ноҳияи Деваштич бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз 2 ошёна иборат буда, барои 192 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи якуми он 4 синфхонаи таълимӣ ва ҳуҷраи кории директор ва дар қабати  дуюм ҳуҷраи муаллимон, синфхонаи компютерӣ ва 4 синфхонаи таълимии дигар ҷойгир карда шудааст. Муассиса пурра бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла 13 компютер ва 2  принтер таъмин  гардидааст. Ҳамзамон,  тибқи лоиҳа дар ҳудуди қитъаи замини муассисаи таълимӣ бинои анбор ва дегхона барои таъмини муассиса бо гармӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Сармоя Лоиҳа» таҳия гардида, корҳои сохтмониро ҶДММ «Манзили Кӯҳистон» иҷро намудааст. Дар муассисаи таълимӣ 470 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шуда, 31 омӯзгор ба онҳо таълим медиҳанд.

Роҳбарияти вазорати  маориф ва илм, ноҳия,  омӯзгорони собиқадор, хонандагони фаъол ва сокинони деҳа дар ҷамъомади идона сухан гуфта, баистифодадиҳии чунин бинои замонавиро далели сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуданд.

ДУШАНБЕ, 30.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Дар озмун ҳамасола довталабони зиёде иштирок менамоянд, ки ба дарёфти наврасону ҷавонони лаёқатманд мусоидат менамояд.

Тибқи пешниҳоди Комиссияи озмун дар ҷараёни баргузории он шаффофият таъмин шуда, ҳакамон бояд аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд.

Ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шудааст, ки ҷараёни даври чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.