«Сафои саҳар»
Сафобахши хонадон ва фараҳафзои таъбу дили Шумост.
Маълумоти хурдтаракон ба ҳамсолон вобаста ба Рӯзи Конститутсия
Конститутсия — бахтномаи миллат
«Интеллект»
Хонандагони Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов -и ш. Душанбе.
«Ифтихор»
Ифтихори навбатӣ Муҳаммадазиз ва Ҳабибулло.
«Ангубин»
Андешаҳои кормандони ТВ «Баҳористон» вобаста ба Рӯзи Конститутсия
Оғози даври ноҳиявии олимпиада.
Дар таълимгоҳи рақами 72-юми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ шурӯъ гардид. Ин тадбири ақлонию зеҳнӣ бо ибтикори Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур роҳандозӣ шуда,иштирокдорон аз рӯи 13 фанни таълимӣ савияи дониши худро месанҷанд. Дар ин тадбир 4 ҳазору 166 нафар довталаб ширкат намуда,аз фанҳои интихоб намудаашон сабқати дониш менамоянд. Соли равон дар ин олимпиада хонандагон аз синфи 5 то 11-ум иштирок менамоянд. Даври ноҳиявии олимпиада то санаи 6-уми моҳи равон идома меёбад.
Иштироки варзишгарони наврас дар мусобиқаи Осиёи марказӣ.
Дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи Осиёи марказӣ оид ба ушу доир гардид. Дар сабқати мазкур аз шаҳри Душанбе варзишгарон зери роҳбарии мураббии ҷавон Мавлон Сафаров иштирок карда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд. Аз ҷумла, Элянора Файзова, Салмон Бадалов, Дилшод Раҳимзода ва Самиаллоҳ Саидов соҳиби мақоми аввал гардиданд.
















