29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Идома«Ҷашни Наврӯз»
Шукуҳи таҷлили Наврӯз дар гимназияи «Кафолат».
«Кадбонуи беҳтарин»
Даври ҷамъбастӣ.
«Пайроҳаи умед»
Қаҳрамони навбатӣ Гулнора Абдуҳамидзода.
«Сайри Наврӯз»
Нақли бобо ба наберагон дар бораи суннатҳои неки ҷашни Наврӯз.
«Заковат»
Барномаи идонаи Наврӯзӣ.
«Ангубин»
Оишаи 4-сола аз ш. Норак.
«Алифбои роҳ»
Рақобати дастаи «Роҳгузар» ва «Чароғак» . Кадомаш ғолиб меояд?
Ҷамъбасти даври ноҳиявии озмуни «Сайри гули лола».
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 марти соли 2023 ва қарори раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2023, Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фестивали ноҳиявии гулҳо «Сайри гули лола» гузаронида шуд. Дар асоси хулосаи комиссияи ноҳиявӣ наздик ба 15 адад боғу гулгаштҳо ва хиёбону кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар онҳо гули лола хуб нашъунамо дорад, ғолибиятро ба даст оварданд. Дар натиҷа ғолибон дар 3 зина ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.
Омодагӣ ба Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон.
Ҳамасола аз санаи 2-юм то 9- уми моҳи апрел бо ибтикори масъулини Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва бо дастгирии Вазорати фарҳанги мамлакат дар сар то сари кишварамон Фестивали ҷумхуриявии ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон баргузор мегардад. Айни замон кормандони ин макони илму маърифат ба ин тадбири сатҳи баланд, омодагии ҷиддӣ дида, толорҳои китобхонаро ҳаматарафа ороиш доданд. Фестивали ҷумҳуриявии ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон санаи 15-уми апрел ҷамъбаст мегардад.

















