Ҷараёни суҳбат вобаста ба Паёми Пешвои миллат.
«Нӯшин»
Омода намудани чӯҷача ва хирси сафед бо истифода аз биринҷ ва дигар навъи ғизоҳо.
«Матин»
Дастпарварони Федератсияи Унифайт -и Тоҷикистон.
«Қавли дӯст»
Филми тарбиявии наву ҷолиб тақдим аз шабакаи «Баҳористон».
«Донояк»
Тарбиятгирандагони кӯдакистони № 114 бо номи «Олуча».
«Алифбои роҳ»
Хонандагони МТМУ № 65- и н. Варзоб.
«Фикри шумо?»
Роҷеъ ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
«Фикри шумо?»
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон - оинаи таърихи миллат».
Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия ба истифода дода шуд.
ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар Тоҷикистон 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар ин хусус 2 феврал зимни нишасти матбуотии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 1-уми сентябри соли 2022 дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Тоҷикистону Русия дар Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ таъкид намуданд, ки «Дар давоми се даҳсолаи охир Тоҷикистон ва Русия дар роҳи рушд ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки дар воқеъ имрӯз тамоми самтҳои асосии ҳамкориро фаро мегиранд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар рӯзномаи муносибатҳои мо масъалаҳои вобаста ба густариши пайвастаи равобити гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг мақоми хосса доранд. Саъю талошҳои мо дар роҳи тавсеаи имкониятҳо ҷиҳати гирифтани маълумоти миёна ва олӣ ба забони русӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд».
«Имрӯз дар Тоҷикистон 39 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ мавҷуд буда, дар онҳо тақрибан 27 ҳазор нафар хонандагон таълим мегиранд. Ҳамчунин зиёда аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ фаъолият дорад, ки фарогири ҳудуди ҳафтод ҳазор хонанда мебошад», — тазаккур доданд Сарвари давлат.
Мавриди зикр аст, ки омӯзиши забони русӣ ҷузъи ҳатмии барномаҳои таълимӣ маҳсуб шуда, шурӯъ аз синфи дуюм дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки ҳудуди 4 ҳазор мактабро ташкил медиҳанд, омӯхта мешавад.Ҳамчунин дар доираи лоиҳаи алоҳидаи иҷтимоӣ омӯзгорон аз Русия дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба хонандагони тоҷик таълим медиҳанд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон низ фаъолияти самаранок дорад. Илова бар ин, дар Тоҷикистон филиалҳои донишгоҳҳои бонуфузи Русия, аз қабили Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи энергетикии Москва ва Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСиС» бомуваффақият фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, бо назардошти донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва филиалҳои зикршудаи донишгоҳҳои Русия, шумораи ҷавонони тоҷик, ки бо таҳсил бо забони русӣ фаро гирифта шудаанд, беш аз сӣ ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Имрӯз дар беш аз ҳафтсад донишгоҳи Русия ҳудуди бисту панҷ ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамояд.
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд.
ДУШАНБЕ, 03.02.22023 /АМИТ «Ховар»/. Бори аввал дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» рассомон ва дизайнерон иштирок мекунанд. Ин тағйирот имсол ба Низомномаи озмун ворид гардидааст. Дар ин ду номина низ мисли дигар номинаҳои озмун иштирокчиён аз рӯи синну сол, яъне аз аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 40-сола иштирок карда метавонанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов.
Ба гуфти мавсуф, бо пешниҳоди устоди Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомони мамлакат ин ду номина ба озмун ворид карда шуданд. Ҳадаф аз пешниҳод гардидани ин номинаҳо- дарёфти беҳтарин рассомон ва дизайнерон, тарғиби ин навъи санъат байни қишрҳои ҷомеа мебошад.
«Тӯли чор сол озмуни мазкур дар ҷумҳурӣ аз рӯи се номина- композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ доир мегардид. Имсол озмун аз рӯйи 5 номина — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида мешавад»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ҳамчунин номбурда иброз намуд, ки номинаҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал гузаронида мешаванд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок мекунанд.
Дар Низомномаи озмун вобаста ба талаботи номинаи санъати тасвирӣ чунин омадааст:
«— дар иҷрои барномаи санъати тасвирӣ маҳорати рассомӣ, интихоби асар, мазмуни асари офаридашуда, масолеҳи истифодашуда ҳангоми офаридани асар ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии номинаи санъати тасвирӣ метавонад асари худро аз рӯи равияҳои рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра, санъати ороиши амалӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, коркарди чӯб, бофандагӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ пешниҳод намояд».
Талаботи ба номинаи дизайн чунин аст:
«— дар иҷрои барномаи дизайнерӣ касбияти дизайнерӣ, диди нав, навоварӣ, эҷоди асарҳои мубрам ба эътибор гирифта мешавад;
— иштирокчӣ ба ҳар давр як асар (ҳамагӣ 3 асар)-ро пешниҳод менамояд, ки онҳо бояд ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда бошанд;
— иштирокчии номинаи дизайн метавонад асарҳои худро дар равияҳои батика, гобелен, кошинкорӣ, мӯд, витраж, зебосозии либос, реклама, дизайни графикӣ ва ғайра пешниҳод намояд».
Ёдовар мешавем, ки имсол маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 750 000 (се миллиону ҳафтсаду панҷоҳ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 210 000 сомонӣ зиёд мебошад.










