
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор мегардад. Он дар доираи Раванди оби Душанбе баргузор шуда, намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, марказҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро барои баррасии масъалаҳои калидии амнияти об ва устувории иқлим ҷамъ меорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Идома











