Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 20.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

Идома

ДУШАНБЕ, 17.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маросими ҷамъбасти маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида,  намояндагони мақомоту сохторҳое, ки дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ саҳми муносиб гузоштанд, бо «Сипоснома»-и Раиси вилоят, «Ифтихоронома»-и Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медал қадрдонӣ  шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 17.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон бунёди муассисаи томактабӣ идома дорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳодияи умумиҷаҳонии нависандагон, ки марказаш дар шаҳри Мюнхени Олмон қарор дорад, бо пешниҳоди Шурои ҳайати таҳририяи тазкираи адабиёти муосири халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба адабиётшиноси маъруфи  тоҷик Абдураҳмон Абдуманнонов Дипломи байналмилалии ба номи Шекспиррро  сазовор донист.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 31-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили «Дави дӯстӣ» тарғиби тарзи ҳайёти солим, оммавигардонии варзиш ва таҳкими дусти байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон мебошад.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.12.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бо иштироки роҳбарияти Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуриявии муассисаҳои фарҳангӣ таҳти унвонҳои «Даргоҳи ҳунар ва маърифат» ва театрҳои халқӣ «Ҷонбахши сатрҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

Идома

ДУШАНБЕ, 15.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ» эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабр бахшида ба 31- солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе «Дави дӯстӣ» дар ду масофа — 7 км ва 5,5 км баргузор мешавад. Макони оғози дав аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе муқаррар карда шудааст. Дар ин хусус ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 15.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Идома

СУҒД, 14.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Истаравшан стипендияи раиси шаҳр  супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Идома