Беназир Саидова — Таасуроташро аз иштирок дар озмун қисса мекунад.
«Ангубин»
Маҳвашбонуи 5-сола ҳамаро бо сухандониву шеърхонияш қоил кард.
Баргузории озмунҳои касбии соҳаи маориф.
Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмунҳои касбии соҳаи маориф идома дорад . Аз ҷумла, даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол-2022» то 14 -уми декабр, «Омӯзгори сол-2022» рӯзҳои 15-17 декабр ва «Хонандаи сол-2022» рӯзҳои 19-20 декабр доир мешаванд. Гузаронидани машғулиятҳо бо хурдсолон, саволу ҷавоб оид ба ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер аз шартҳои асосии озмуни «Мураббии сол» ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ роҳандозӣ мегардад.
Рӯзи чоруми даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Давоми 4 рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Бар асоси низомномаи озмун дар рӯзи чорум хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ синфҳои 5-11 ва ибтидоии касбӣ синфҳои 10-11 иштирок намуданд, ки он то 10 декабр ҷараён мегирад. Тибқи иттилоъ дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 92 нафар довталаб иштирок менамоянд.
Роҳандозии олимпиадаи шоҳмот дар ш. Душанбе.
Бо мақсади рушди шоҳмот дар байни ҷавонону наврасон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар кишвар айни замон даври ноҳиявии мусобиқаи ҷумҳуриявии шоҳмот миёни ҷавонону наврасон идома дорад. Ба ин хотир дар Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо ташаббуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия даври ноҳиявии мусобиқа миёни хонандагон ҷараён гирифт, ки дар он муҳассилини тамоми муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки даври шаҳрии олимпиадаи шоҳмот дар таътили зимистонаи мактаббачаҳо гузаронида мешавад.
Суҳбат бо Зоиров Зоир-Иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Суҳбат бо Муҳаммадалиев Муҳаммадалӣ-Иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
«Ману модарам»
Инак, шумораи якуми барнома дар мавсими нав пешниҳод мегардад.