Бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод миёни наврасон баргузор гардид. Дар мусобиқаи гӯштини тарзи озод ба ҷузъ варзишгарон аз шаҳри Душанбе, инчунин иштирокдорон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ қуввасанҷӣ карданд. Дар натиҷа Умар Раҳимов, Бахтиёр Саидов, Амрулло Қаландаров, Саъдӣ Алиев, Муҳаммадюсуф Бобоев дар вазнҳои худ зафар ёфтанд.
Маросими қадршиносии озмун
Дар мактаби байналмиллалии Президентии шаҳри Душанбе маросими қадршиносии озмун миёни хатмкунандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра баргузор гардид. Дар натиҷа аз 45 нафари довталабони дар озмун ширкат варзида, ба 28 нафари онҳо муяссар гардид, то соҳиби аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра гарданд, ки аз ин шумора 11 нафарашон хатмкунандагони Муассисаҳои таълимии ш. Душанбе мебошанд. Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур аз ш. Душанбе 21 нафар, аз вилоятҳои Суғду Хатлон 10 нафарӣ ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нафар иштирок карданд.
Тақдими хонаи 3 — ҳуҷрагӣ ба волидони навзоде, ки аҳолии Тоҷикистон бо таваллудаш ба 10 миллион баробар гашт.
Таваллуди навзоде, ки аҳолии Тоҷикистонро ба 10 миллион оварда расонд.
Қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-уми ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва омӯзгорону ғолибони озмун ширкат намуданд. Дар даври дуввум дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 400 довталаб ширкат варзида, аз миёни онҳо 74 нафар аз рӯи наминатсияҳо ғолиб дониста шуданд. Дар як вақт ба ғолибон аз ҷониби масъулин диплом ва туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.
Ифтитоҳи маркази омӯзишии шоҳмот дар пойтахти кишвар
Ба муносибати Рӯзи байналмиллалии шоҳмот бо ибтикори Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маркази шоҳмот ба истифода дода шуд. Тавре иттилоъ дода шуд, марказ бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, дар он наврасону ҷавонон имкон доранд ба варзиши зеҳнӣ машғул шаванд. Феълан дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон ба Олимпиадаи байналмиллалии шоҳмот, ки 28 июл дар Ҳиндустон оғоз мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар Олимпиада иштироки 187 дастаи мардон ва 162 дастаи бонувон дар назар аст.
«Аниси кунҷи танҳоӣ»
Қаҳрамони барнома Шарипов Абдулло.
«Таҳамтан»
«Таҳамтан» - Мусобиқаи варзишӣ оид ба якҳарбаи Шарқӣ - каратэ кёкушинкай.
«Ҷасорат»
Шиносоӣ бо ҳаёти сарбозони Қисми ҳарбии 06870 -и Қушунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ.
«Фикри Шумо?»
Мавзӯи навбатии барнома Пешгирии паёмадҳои нохуш ва ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ.