Перейти к содержимому
 

Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022 оғоз мегардад.

Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути қатора дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз хазинаҳои фурӯши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро харидорӣ намоянд.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Дар доираи барномаи мазкур кӯдакон бо шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр» аз наздик шинос шуда, инчунин дар озмунҳои саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан-Модар ва чистонҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда шуд. Дар ин рӯз кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ширкатдоронро бо толорҳои Осорхона  шинос намуда, тамошои экскурсионӣ доир карданд.

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, дар Муассисаи давлатии маркази кӯдакон ва наврасони пойтахт маросими рӯнамоии маҷмуаи шеърҳо ва ҳикояҳои эҷоднамудаи иштирокчиёни Форуми 1 навқаламон ва эҷодкорони навраси шаҳри Душанбе таҳти унвони «Килки сабз» сурат гирифт. Маҷмӯаи шеъру ҳикояҳои иштирокчиёни Форуми якуми навқаламон ва эҷодкорони навраси пойтахт дар фурсати  кӯтоҳ бо теъдоди 500 нусха бо сифати баланд дар нашриёти «Адиб» интишор гардидааст. Дар ин маҷмуа  маҳсули тахаюли бадеии эҷодкорони навқалам гирд оварда шудааст.

Дар шаҳри Бухоро мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини бразилӣ ҷиу-ҷитсу   баргузор гардид. Сабқати бурунмарзӣ аз рӯи намудҳои ҷиу-ҷитсу -Ги, ноги ва файтинг баргузор гардид. Дар сабқати мазкур беҳтарин варзишгарон аз   давлатҳои гуногуни дунё  ширкат варзиданд. Алалхусус дар турнири байналмилалӣ дастпарварони Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи ҷумҳурӣ дар ҳайати мукаммал қуввасанҷӣ карда, беш аз 25 медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, Мансур Сабуров, Муҳаммадшофеъ Баротов, Муҳаммадсолеҳ Баротов, Аҳмадҷон Наримонов, Ҷаҳонгир Амиршоев, Фарҳоди Фаррух, Муҳаммад Сангинов ва Фирӯз Музаффарзода соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

1 июн

Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон     

Фарзанд арзишмандтарин ганҷи хазинаи ҳастии мост. Мо бояд эҳтиёт шавем, то ин ганҷ қиматашро гум накунад.

Имрӯз  ба  хотири дар беҳтарин  шароит ва ширину  гуворо   гузаштани  ҳаёти  кӯдакон ва   наврасон   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ташаббусҳои  ғамхоронаи Сарвари  давлат  ҳамаи  чораҳоро меандешад ва мо   боварӣ  дорем,  ки ҳар як  кӯдаке, ки  дар  оғӯши  модаронаи  Тоҷикистони азиз парвариш меёбад,  қаноатманданд  дар  оянда  фахри  ин  ватан,  ин  миллат  мегарданд.

Ояндаи фарзанди ботарбия узви оилаи хушбахт, боиси сарбаландии миллат ва соҳибдавлат будани ӯст. Ин омилҳо ба кӯшиши ҳар яки мо вобастагӣ дорад.

Ин рӯзи некро  ба ҳамаи кормандони ТВ «Баҳористон», ки шабонарӯзӣ барои насли наврас заҳмат мекашанд, барномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд, муборак мегӯем! 

Директори Муассисаи  давлатии «Телевизиони кӯдакон  ва наврасон-Баҳористон» Маҳмудӣ Ҳ. Н.

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаи ғайрикасбии унифайт миёни  кӯдакон баргузор гардид. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши варзишӣ шаш варзишгар зери роҳбарии устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, довари дараҷаи байналмилалӣ Баҳриддин Сироҷов  намояндагӣ карданд. Дар натиҷа  ба унифайтчиёни тоҷик муяссар шуд,то сазовори 1 медали тилло,чор нишони  нуқра ва 1 ҷоизаи биринҷӣ  гарданд. Аз ҷумла, Комилҷон Ҳасанов дар вазни 18 кг байни 6 ва 7 солаҳо медали тилло ба даст овард. Анӯшервон Салимов дар вазни 20 кг ҷои дуюм, Аҳмадҷон Дӯстмуродов дар вазни 24 кг ҷои дуюм, Сулаймон Миров дар вазни 31 кг ҷои дуюм, Аҳмадҷон Латифов дар вазни 35 кг миёни 10-11 сола мақоми дуюм ва Умар Табаров дар байни 8 ва 9 сола ҷои сеюмро ишғол намуданд.

Дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе, вазорати маориф ва илми ҶТ, сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию шаҳрӣ, омӯзгорон ва кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдод ва навовари пойтахт Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» баргузор гардид. Дар расми ифтитоҳи Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтиъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» муовини Раиси ш. Душанбе паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанберо ироа карда, қайд намуд, ки «Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланди ташвиқи ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ доир намудани силсилаи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қарори Раиси ш. Душанбе аз 18-майи соли 2022, таҳти №237 Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар ш. Душанбе» ба имзо расид, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи он аз 26-май то 1-июни соли 2022 дар пойтахт «Ҳафтаи кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе» эълон гардидааст. Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» Конференсияи илми-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии ш. Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табии-риёзӣ баргузор карда шуда, дар умум дар кори он зиёда аз 450-лоиҳаҳои эҷодӣ пешниҳод карда шуд, ки аз миёни онҳо 150-нафарашон бо дипломҳои дараҷаҳои 2,3 ва 25-нафарашон аз рӯи бахшҳои алоҳида соҳиби дипломҳои дараҷаи 1 гардиданд. Инчунин, рӯзҳои сеюму чоруми ҳафта Форуми наврасону ҷавонони ш. Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 85-лоиҳаҳои инноватсионӣ аз ҷониби хонандагон муаррифӣ гардид. Дар умум муаллифони 10-лоиҳаҳои беҳтарини инноватсионӣ «Шоҳҷоиза»-и озмунро ба даст оварданд. Рӯзи панҷуми ҳафта бошад, Намоиши дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе дар толори «Муассисаи давлатии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи ш. Душанбе» баргузор карда шуд, ки дар он ихтироъкорони наврас 28-лоиҳаи худро муаррифӣ ва намоиш доданд. Имрӯз ҷоизадорони Форуми наврасону ҷавонони ш. Душанбе оид ба технологияҳои таълимии ш. Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе сарфароз гардонида шуданд. Бояд зикр намуд, ки Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе дар се давра байни хонандагони синфҳои 1-9 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз руйи шартҳои «Ровиён», «Суруди якка», «Рақси якка», «Рақси гурӯҳӣ», «Хорсароӣ», «Навозандагӣ», «Маҳорати актёрӣ» ва ғайра доир гардида, дар маҷмӯъ дар он зиёда аз 1000-нафар ширкат варзиданд. Ба даври шаҳрии Фестивал-озмун бошад, наздики 200-нафар роҳхат гирифта, пас аз ҳунарнамоӣ назди ҳайати ҳакамон 17-навраси соҳибистеъдод ва 9-ансамблу гурӯҳҳои худфаъолияти назди Муассисаҳои таълимӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва бахшҳои озмунии «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони ш. Душанбе» ба таври бошукӯҳ доир шуда, дар идомаи он барномаи фарҳангии омоданамудаи иштирокчиёни Фестивал–озмуни истеъдодҳои навраси ш. Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» пешниҳод гардид.