Саволу ҷавоб бо хонандагони МТМУ № 48.
«Бо ҳам меёбем»
Сумая ва Файзигул ба ҳамаи саволҳои робот ҷавоб дода тавонистанд ё не?
Маросими ҷамъбасти озмуни «Китоби сол».
Дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардид. Ҳамин тариқ дар бахши назм мақоми аввал насиби асари «Ҳаҷми нигоҳ» -и Давлати Раҳмониён гардид. Дар бахши публитсистӣ ҷойи аввалро адиби шинохта Абдулҳамид Самад бо асари «Дастовез» ишғол намуд. Дар бахши асарҳои назму насри бачагона зинаҳои аввалро Ҷӯра Ҳошимӣ бо китоби «Машқи ҳисоб» ва Маҷид Салим бо китоби «Саги кӯр» сазовор гардиданд. Дар бахши 6 –ум, ки тарҷумаи асарҳои бадеӣ унвон гирифта буд, мақоми аввал насиби асари адиби шинохта Муъмин Қаноат «Аз Ховар то Бохтар» гардид.
Маросими ҷамъбасти озмуни «Рассомони наврас».
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Рассомони наврас» баргузор гардид. Соли ҷорӣ дар озмун 200 нафар довталабон ширкат намуда, зиёда аз 322 асарҳои эҷодкардаи худро пешкаши ҳакамон гардониданд,ки аз ин теъдод 33 нафар соҳиби диплом ва 12 нафари дигар ғолиби озмун шуданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории озмуни истеъдодҳои наврас таҳти унвони «Рассомони наврас» бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки аз соли 2016 инҷониб доир мегардад,роҳандозӣ шуд.
Оғози Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе».
Дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Намоишгоҳи даҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид, ки он то 16 декабр идома меёбад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ноширони дохилу хориҷи кишвар, ба монанди Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии нашриёти «Адиб», Муассисаи давлатии нашриёти «Ирфон», «Нашриёти муосир», Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот, Комплекси табъу нашри «Шарқи озод», намояндагони Россия, Ҳиндустон, Туркия, Беларус, Эрон, Қазоқистон иштирок намуданд ва китобҳои тозанашри худро ба намоиш гузоштанд. Намоишгоҳи байналмилалии китоб то 16 декабр идома меёбад.
Маросими қадрдонии ғолибони даври ноҳиявии олимпиада.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии н. Шоҳмансур баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор шуд. Бояд тазаккур дод, ки шумораи иштироккунандагони даври ноҳиявии имсола ба 3953 нафар рост меояд,ки дар қиёс ба соли гузашта 587 нафар хонанда зиёд мебошад. Акнун ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Идомаи даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Дар рӯзи 9-уми даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони номинатсияи адабиёти классик фаъол буданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки иштирокдорон пурра аз талаботи озмун бархурдор буда, ба даври ҳалкунанда тайёрии ҷиддӣ дидаанд. Тибқи иттилоъ 95 нафар довталаб дар номинатсияи адабиёти классик ширкат менамоянд. Аз ин шумора 72 нафарашон аллакай баромад намуда, маҳорати худро нишон доданд. Аз 13 то 15-уми декабр бошад маҳорати 23 нафар мавриди санҷиш қарор мегирад.
«Матин»
Дастпарварони Федератсияи унифайти Тоҷикистон.
«Нӯшин»
«Нӯшин» - Омода намудани муъҷиза бо мевагиҳо.