Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-уми ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иштироки омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ - ҷамъиятӣ ва  намояндагони  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, инчунин кормандони маорифи ноҳияи Шоҳмансур тадбири омӯзишӣ - дастурдиҳӣ гузаронида шуд. Дар ин  ҷамъомад бархе аз муовинони директорон оид ба тарбия дар мавзуи «Сабаб ва омилхои пастравии маънавиёти хонандагон» маърӯза намуда, роҳҳои пешгирии онро бо мисолу андешахои ҷолиб баён доштанд.

 Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода даври 2-юми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид. Тибқи маълумот соли равон дар даври якуми озмун 3374 нафар довталабон иштирок намуданд, ки аз ин шумора 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз теъдоди роҳхатгирифтагон тибқи раддабандии синнусолӣ, ки дар низомномаи озмун пешбинӣ шудааст, 742 нафарро аз 12 то 17-сола ва 581 нафарро аз 18 то 30-сола ташкил медиҳанд.

Дар соли равон маъмурият ва мудири китобхонаи таълимгоҳи №62 ш. Душанбе зиёда аз 900 адад китобҳои тозанашрро ба ин макон ворид намуда, тақсимоти онро ба хонандагон оғоз намудаанд. Айни ҳол, дар таълимгоҳ 1467 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда,аз ин шумора 164 нафарашро талабагони синфи 1-ум ташкил медиҳад. Таъминоти  китоб ба хонандагон то санаи 1-уми сентябри соли  равон   идома   меёбад.

То оғози соли нави хониш рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст. Айни замон дар аксари Муассисаҳо корҳои таъмири ҷорӣ пурра ба анҷом расидааст. Аз ҷумла, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55  ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе барои соли нави таҳсили 2022-2023 ҳамаҷониба омодааст. Тамоми синфхонаву кабинетҳои муассисаи мазкур аз таъмир бароварда  шуда, бо асбобҳои зарурии хониш таҷҳизонида шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар Муассиса 63 синфхона барои 3020 хонанда ва ду озмоишгоҳ барои фанҳои физика ва химия мавҷуд мебошад.

Дар Муассисаи  томактабии № 157 -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни «Мураббии сол-2022» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур 12 мураббия, ки дар даври аввал ғолиб омаданд, иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки  озмун аз рӯи 10 шарт, ҳисоботи эҷодӣ, донистани ҳуқуқҳои меъёрии соҳаи маориф, маҳорати  ҳунармандӣ, донистани муаммоҳои педагогӣ  ва психологӣ, кор бо технологияи муосир, машғулият дар гурӯҳ     гузаронида мешавад. 

Мавсими нуҳумин лоиҳаи бошукуҳи футбол барои кӯдакон таҳти унвони «Футбол ба назди шумо меояд» миёни дастаҳои деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт ба анҷом расид. Дар маросими ҷамъбастии лоиҳа, ки дар варзишгоҳи «Душанбе-Арена» доир шуд, роҳбарияти ФФТ ва лигаи футболи кӯдакону наврасони кишвар, сармураббии тими миллӣ Петр Сегрт ширкат намуданд. Мавриди зикр аст, ки  лоиҳаи «Футбол ба назди шумо меояд» дар ду марҳила дар се категорияи синну сол 7, 9 ва 11-сола сурат гирифта, 23000 кӯдакро ба футбол ҷалб намуд. Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот 16 даста дар ҳар як синну сол бо ҳам нерӯ санҷида пас аз ду моҳи рақобатҳо ғолибон муайян шуданд.

Аз 31-уми июл то 7-уми августи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Бритониёи Кабир Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ доир гардид, ки дар он 76 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори 31 ҷойи ифтихорӣ: 3 медали тилло, 12 медали нуқра ва 16 медали биринҷӣ гардиданд. Аз ҷумла, медали тилло ва шоҳҷоизаи олимпиада насиби хонандаи мо Фирўза Абдуллоева гардид. Ёдовар мешавем, ки олимпиада аз рӯи 4 бахш ва 2 категорияи синнусолӣ «ИГЛЕТС» ( синфҳои 5-8 ) ва «ИГЛС» ( синфҳои 9-12 ) баргузор  гардида, дар он зиёда аз 400 нафар хонанда аз 27 кишвари дунё иштирок намуд. Бозгашти хонандагони тоҷикро  дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, масъулин ва падару  модарон самимона истиқбол  гирифтанд.