Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи томактабии рақами 124-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ баҳри бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 тадбирҳои мушаххас андешида шудааст. Бино ба иттилоъи масъулин Кӯдакистони мазкур аз 12 гуруҳ иборат буда, ҳамаи онҳо дорои шароити мусоид мебошанд. Роҳбарияти Муассисаи мазкур барои бо гармӣ таъмин намудани гуруҳҳо аз таҷҳизоти гармитаъминкунандаи Боллер истифода карда, дар баробари ин ба миқдори муайян захираҳои иловагӣ доранд. Ҳолати кории таҷҳизотҳои гармидиҳанда пайваста назорат карда мешавад.

Дар Олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» 20 нафар хонандагони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум гардида, 28 нафар сазовори зинаи дуюм ва 47 нафар мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Анталияи Туркия доир гардид. Олимпиадаи мазкур миёни синфҳои 2-11 аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, физика, химия, биология, таърихи ҷаҳон, муҳити атроф, сайёҳӣ ва шоҳмот баргузор гардид.Дар олимпиадаи мазкур 1200 нафар иштирокчӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва ғайра табодули маҳорат намуданд.

Дар ин чорабинӣ  лоиҳаи «Интегратсияи таълими салоҳиятнокӣ ва омӯзиши омехта дар барномаҳои таълимии  омӯзгорон» муаррифӣ гардид. Ба муносибати муаррифии лоиҳаи  мазкур  намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгорони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ,  мутахассисон ва коршиносони  соҳаи маориф иштирок намуданд. «Қабули «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои таҳкими ислоҳоти низоми маориф, пайгирӣ аз ҳадафҳои наҷиби давлатдории миллӣ замина гузошта, дар кӯтоҳтарин фурсат илм ва маориф дар Тоҷикистон бо низомҳои пешқадами таҳсилоти ҷаҳонӣ ҳамқадам гардонида хоҳад шуд.