ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» директори Институти физикаю техникаи ба номи С.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Шокир хабар дод.
ИдомаДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ин маърака дар Тоҷикистон ба андозаи 66 фоиз таъмин гардид.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 20 рӯзи ҷараёни даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ маъракаи даъват дар қаламрави ҷумҳурӣ 66 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
ИдомаҚабули эътимоднома аз сафирони нав.
23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулодда ва мухтори як қатор кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Пагоҳ дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 24 октябр, соати 10:00 дар Театри давлатии «Лӯхтак»-и шаҳри Душанбе Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар фестивали байналмилалӣ театрҳои касбии лӯхтаки Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон дар ҳайати 40 нафар иштирок менамоянд.
Ҳадафи аслии фестивал таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи театрҳои лӯхтак, эҳё ва рушди театри суннатии лӯхтаки тоҷик, инчунин беҳбуд бахшидан ба тарбияи эстетикии насли наврас мебошад.
Ғайр аз ин донишҷӯёни шуъбаи лӯхтаки Институти давлатии маданияти Туркманистон бори аввал дар фестивали «Чодари хаёл» ҳунарнамоӣ менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин фестивал театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе, Бӯстон ва Бохтар намояндагӣ менамоянд.
Дар ин фестивал Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши «Маликаи маккор», театри Бӯстон намоиши «Ҳинди тиллоӣ» ва театри Бохтар «Хари маккор»-ро ба намоиш мегузоранд.
Фестивали 7-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» то 28 октябр идома хоҳад кард.
Ифтитоҳи парваришгоҳи ҳайвоноти нодир ва боздид аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Муъминобод парваришгоҳи ҳайвоноти нодирро ба истифода дода, аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангали ноҳия боздид ба амал оварданд.
ИдомаБа истифода додани роҳи автомобилгарди аҳаммияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтарон.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон роҳи автомобилгарди аҳамияти маҳаллидоштаи Муъминобод-Ғеш-Чилдухтаронро мавриди истифода қарор доданд.
ИдомаОғози фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ “Заркорон” дар ноҳияи Муъминобод.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон”, ҳамчунин, ба фаъолияти корхонаи парандапарварӣ оғози расмӣ бахшиданд.
ИдомаБоздид аз нашъунамои боғҳои олуи сиёҳи содиротӣ, писта ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҶДММ “Заркорон”-и ноҳияи Муъминобод.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод, дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров ба Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Заркорон” ташриф оварда, бо нашъунамои боғоти пиставу олуи сиёҳи содиротӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаи чорвои хушзоту парандаҳои нодир шинос шуданд. Маҷмааи агросаноатӣ дар масоҳати 20 гектар соли 2021 бунёд ёфтааст.
ИдомаИфтитоҳи Муассисаи ғайридавлатии таълимии ”Коллеҷи тиббии хусусӣ” дар ноҳияи Муъминобод.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббии хусусӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
ИдомаБа истифода додани бинои Маркази ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод.

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.
Идома







