Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 18.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон кумаки башардӯстона фиристода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кумаки башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, ҷилди хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи барои зиндагӣ зарурӣ иборат буда, қариб 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад

Кумаки башардӯстона ба мардуми аз офати табиӣ  зарардидаи Афғонистон тавассути 130 мошини боркашонӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад ва он намунаи олии ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми давлати ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

ДУШАНБЕ, 16.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера ва коҳиш додани партовҳои саноатию нақлиётӣ ҳамасола тадбирҳои экологӣ амалӣ менамояд. Махсусан амалӣ гардидани ташаббуси «Тозагии ҳаво» аз ҷониби Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хеле манфиатбахш буда, чунин ибтикор имкон медиҳад, ки ихроҷи партовҳо аз воситаҳои нақлиёт ба шиддат кам шавад. Дар ин хусус котиби матбуоти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Саидаҳмади Акрампур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Идома

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман» намоиши аксҳои филмбардор ва аксбардори шинохта Заур Дахте баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш дар доираи Синоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор шуда, дар он 100 акс ба маърази тамошо гузошта шуд, ки Душанбеи имрӯзаро таҷассум менамоянд.

Заур Дахте, ки дар гузашта наворбардори филмҳо буд, аввалин намоиши аксҳояшро соли 2003 дар шаҳри Душанбе баргузор намудааст. Аз он сол то ҳоло намоиши аксҳои Заур Дахте дар 14 давлати дунё баргузор шудаанд.

Дар намоиш инчунин китоби «Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик» рӯнамоӣ шуд, ки он достони зиндагӣ ва корномаи Заур Дахтеро бозгӯ аст.

Ҳамзамон дар намоиш «Дарси устод ва шогирд» баргузор шуда, иштирокчиён доир ба санъати аксбардорӣ барои худ маълумоти муфид бардоштанд.

Заур Дахте соли 1936 ба дунё омада, соли 1958 дар студияи «Тоҷикфилм» ба кор оғоз намудааст. Аввалин филми бардоштаи ӯ «Вохӯрӣ дар масҷиди кӯҳна» буда, баъдан филмҳои машҳури «Рустам ва Сӯҳроб», «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Чаҳор нафар аз Чорсанг» ва даҳҳо филми дигарро наворбардорӣ намудааст.

ДУШАНБЕ, 16.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик маҳсуб мешавад. Дар робита ба ин имрӯз, 16 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» доир гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, роҳбарият ва намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвораи бузург бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чунин синамоҷашнвора баргузор мешавад.

Дар синамоҷашнвора меҳмонони зиёде аз давлатҳои Русия, Узбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва ғайра иштирок доранд.

Ёдовар мешавем, ки дар робита ба баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилаливу минтақавӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳо  таъсис ёфт. Он дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз давлатҳои Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Маҷористон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Молдова, Фаронса ва Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ  қарор дод.

Ҳамин тавр, аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 70 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар  озмунҳои синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шудаанд.

Кори ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора аз ду гурӯҳ: ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии  кӯтоҳ  иборат буда,  бо қарори Кумитаи тадорукот  ҳайати ҳакамон бо шумули   муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажуҳишгарони фарҳанги  синамоӣ  ва намояндагони санъати синамо таъсис дода шуд.

Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва ҳакамони  филмҳои ҳунарии кӯтоҳ 4 нафар  ҷалб гардидаанд.

Бояд гуфт, ки ҷоизаҳои Синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ,  Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва  Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» дар Душанбе то 19 октябр идома меёбад.

Дар МТМУ №64 н. Рӯдакӣ маҳфили фарҳангӣ-маърифатӣ  бо иштироки нависандаи халқии Тоҷикистон,барандаи ҷоизаи ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо доир гардид. Хонандагону омӯзгорони таълимгоҳ адибро самимона истиқбол гирифтанд. Муҳассилин доир ба зиндагинома ва асарҳои нависанда, аз ҷумла романи «Дар орзӯи падар» «Марги бегуноҳ» маълумот доданд. Дар як гӯшаи маҷлисгоҳ асарҳои адиб низ ба намоиш гузошта шуда буд. Дар навбати худ нависанда роҷеъ ба фаъолияти эҷодии худ қиссаҳои ҷолиб баён намуд. Бо ташаббуси  роҳбарияти таълимгоҳ чунин чорабиниҳои маърифатӣ пайваста  ташкилу роҳандозӣ карда мешавад.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими љоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ва «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Барои ишғоли ҷойи 3-юм дар даври шаҳри Озмуни ҷумҳуриявии «Тољикон»-оинаи таърихи миллат» 12 нафар ғолибон бо диплом, љоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм-8 нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ва 4 нафар гирандаи ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонї қадрдонӣ гардиданд.

Дар идома 66 нафар ғолибони ҷойи сеюми даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм  44  нафар бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаљми 15 ҳазор сомонӣ ва 22 нафар ҷойи якум бо диплом, ҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон- мероси пурарзиши аҷдодон ва яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин рӯз ҳамчунин Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзї, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал, Фестивал-намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ доир гардид. Ҳамоиш бо ташаббуси  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардид. Дар ҷашни Меҳргон инчунин намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни асали занбӯрпарварони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид Дар ҷамъбасти намоиш ба кишоварзони фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Назар Назаров хабар медиҳад.

Идома

13 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.

Зимни ҷаласаи хосса ва бо иштироки ҳайатҳо сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ барои минбаъд низ пур намудани рӯзномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мундариҷаи амалӣ изҳори омодагӣ намуда, доир ба дурнамои рушди минбаъдаи Иттиҳод ибрози андеша намуданд.

Сарвари давлат изҳори итминон намуданд, ки қарорҳои зимни ҷаласа қабулшуда ба ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳои ҳамёрӣ дар доираи Иттиҳод такони иловагӣ хоҳанд бахшид.

Дар заминаи масоили ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дар шароити кунунӣ давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳдидҳои амнияти иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳо ба иқтисоди миллӣ рӯбарӯ ҳастанд. Дар робита ба ин аҳамияти татбиқи муттасили Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2030 таъкид шуд. Зимни татбиқи стратегияи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳам имконоти захиравӣ, истеҳсолӣ ва молиявии давлатҳои аъзо ва ҳам вазъи геоиқтисодию геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бояд ба назар гирифта шавад, изҳор доштанд Пешвои миллат.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки масъалаҳои пешбурди иқтисоди «сабз», бахусус энергетикаи «сабз», инчунин масъалаҳои тағйирёбии иқлим самтҳои муҳими Иттиҳод боқӣ мемонанд. Дар ин замина азми Тоҷикистон барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ тасдиқ гардида, ба ҳамкории минбаъдаи созандаи давлатҳои аъзои ИДМ дар ин самт изҳори умед карда шуд.

Пешвои миллат муҳимияти таҳкими минбаъдаи рӯзномаи фарҳангӣ ва гуманитариро таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро барои баргузории Форуми панҷуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ соли оянда дар ҷумҳурӣ баён доштанд.

Дар суханронии Сарвари давлатамон ҳамчунин ба миқёси ташвишовари зиёдшавии хатару таҳдидҳои амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Ба муҳимияти идома додани татбиқи амалии қарору санадҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда дар самти мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуда, зарурати андешидани тадбирҳо оид ба таҳкими минбаъдаи заминаи меъёрии ИДМ дар бахши амният таъкид гардид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 15 қарор ва санад қабул гардид. Раёсат дар Иттиҳод ба ҷониби Федератсияи Русия гузашт.

Баъди анҷоми кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамин ҷо бо иштироки сарони давлатҳо маросими супоридани Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Мукофоти олӣ - Нишони ифтихории Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 7 октябри соли 2002 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис ёфта, ба сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, инчунин ба дигар арбобони давлатию ҷамъиятии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил супорида мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли 2007 барои саҳми арзанда дар таҳким ва рушди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таъмини сулҳи байналмилалӣ ва амният бо ин мукофоти олӣ сарфароз гардида буданд.

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек музокироти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин баргузор гардид.

Зимни мулоқот сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои тамоми маҷмуи шарикии стратегӣ ва ҳамёрию ҳампаймонии Тоҷикистон ва Русияро муфассал баррасӣ намуданд.

Пешвои миллат соли равон густариши фаъоли робитаҳои байнидавлатӣ ва ҷараёни мусбати ҳамкории ду давлатро дар тамоми соҳаҳо бо қаноатмандӣ таъкид намуданд.

Сарони давлатҳо аз ҷараёни мусбати табодули молии мутақобила, имзои қарордодҳои дахлдор байни доираҳои тиҷоратӣ, созишномаҳо дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак бо сармояи Русия дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи ҳамкории саноатӣ истиқбол намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамёрӣ дар соҳаҳои бонкдорӣ, молия, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, инчунин зарурати беҳтар намудани ҳамёрии сохторҳои дахлдор дар соҳаи муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарони давлатҳо сатҳи баланди ҳамкории фарҳангӣ ва гуманитариро бо таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи маориф таъкид намуда, аз оғози лоиҳаи бунёди Маркази таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри драмавии русии ба номи Маяковский дар Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Президентҳо изҳор доштанд, ки имкони густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ва сайёҳии кӯҳӣ вуҷуд дорад.

Доир ба масъалаҳои амният, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода шуд.