Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли равон баён гардид.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ворӯи Панҷакент, ки аз дурдасттарин маҳалҳои зисти шаҳр маҳсуб мешавад, бинои нави муассисаи таълимӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.

Идома

ДУШАНБЕ, 02.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузор гаштани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024 — 4 570 000 (чор миллиону панҷсаду ҳафтод ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар соли ҷорӣ низ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади он рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо мебошад.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /НИАТ «Ховар»/. В последние годы в средних общеобразовательных учреждениях Таджикистана активно внедряют кабинеты психологов. Для этого в школах открывают штатные единицы. Как реагируют дети на это новшество, какие проблемы это поможет решить? Корреспондент НИАТ «Ховар» побеседовала на эту тему с преподавателем кафедры психологии Таджикского национального университета Махмадулло Давлатовым.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода як қатор иншооти соҳаи иҷтимоӣ ва маориф мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Тоҷикистон татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» оғоз мегардад. Тибқи он парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов.

Идома

ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Идома