ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» таҳия гардида, ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Лоиҳаи ин қонун аз 11 боб ва 73 модда иборат буда, мафҳумҳои асосӣ, асосҳои ҳуқуқии фаъолият, сохтори ташкиливу ҳуқуқӣ, самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолият, сохтори политсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи он дар низоми мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва тамоюли ҳамкории политсия бо ҷомеаро муайян намуда, тартиби қабул ба хизмат, адои хизмат, таъмини кафолатҳои давлатии ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва назорати фаъолияти политсияро ба танзим медарорад. Чунин нигоштааст мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1 Фирӯз Сайнозимзода дар мақолаи бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ба унвони АМИТ «Ховар» ирсолнамудааш. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкурро меорем:
Идома