Перейти к содержимому
 

Созмондиҳандагони «Экспо-2020» дар Дубай маҷмӯаи афсонаҳои кӯдаконаи кишварҳои мухталифро дар шакли PDF нашр кардаанд, ки дар он афсонаи тоҷикии «Дона» ворид карда шудааст. Дар ин бора Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Афсонаи «Дона»-ро бо забони англисӣ Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо муассисаи табъу нашри «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода кардааст. Матни афсонаро мутахассисони Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тоҷикӣ ба англисӣ тарҷума кардаанд. Рассомон Далер Меҳтоҷев ва Сайёра Имодинова мебошанд. Афсона дар бораи аҳамияти ҳифзи муҳити зист, нақши об барои ҳаёт дар рӯи Замин нақл мекунад. Афсонаҳои дар маҷмӯа пешниҳодшуда гуногунии аҷиби фарҳангҳои сайёраи моро нишон медиҳанд. Бештари ривоёте, ки кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод кардаанд, дар тӯли чандин асрҳо бозгӯ карда мешаванд. Ривоятҳои интихобшуда кӯдакони 5-12-соларо бо хусусиятҳои мароқангез ва шабоҳати аҷиби арзишҳои халқҳои гуногун шинос мекунанд, доираи ҷаҳонбинии онҳоро васеъ ва ба онҳо барои пурратар ба қадри фарҳанги худ расидан кумак мерасонанд. Хонандагони хурдсоли Тоҷикистон, талабагони мактаб ва хоҳишмандон метавонанд нашри  электронии «Афсонаҳои кудакона аз тамоми дунё», ки дар он афсонаи «Дона» ба забони англисӣ ворид гардидааст, аз сомонаҳои машҳури Expo School Programme  ва  Apple Books дар формати PDF дастрас намуда, мутолиа намоянд. Ҳамчунин шакли PDF-и онро мо дар сомонаи худ www.tvb.tj  ҷой намудаем, ки шумо метавонед аз он низ истифода баред.