«ШОҲНОМА»-МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ПАРЧАМИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Ин иқдоми Президенти Тоҷикистон анъанаи китобдорию китобхонии ниёгонамонро эҳё менамояд.

ДУШАНБЕ, 18.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» тасмим гирифтааст, ки таҳти сарлавҳаи ««Шоҳнома»- мактаби худшиносӣ ва парчами ифтихори миллӣ» пайваста пажуҳишҳои тоза ба тозаи аҳли илму адаб ва андешаҳои донишмандонро пешниҳоди хонандагон намояд.
ИдомаХонандаи тоҷик Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ ғолиб омад.

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 9-и Гимназияи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Абдураҳмон Саидбеков дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсуи бразилӣ (Absolute Championship of Brazilian Jiu-Jitsu - World Open Championship 2023) дар вазни 55 кг ғолиб омада, медали тиллоро сазовор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.
ИдомаМаркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд.
ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Идома«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Имсол ин озмуни ҷумҳуриявӣ дар вилояти Хатлон дар сатҳи баланд баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 17.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2024 «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии озмун пирӯз омаданд, инчунин хароҷоти изофагии озмун 578 ҳазору 520 сомонӣ ҷудо гардид.
Идома«Таҷриба»
«Сафои саҳар»
«Донояк»
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол барои баргузории ин озмун дар Хатлон 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо гардид.

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон барои ҳавасмандгардонии 115 нафар ғолибон ва 50 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ғолиб омаданд, инчунин хароҷоти изофии озмун 470 ҳазору 235 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
ИдомаДар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкории кӯдакон ва наврасон» баргузор мегардад.

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 23 январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Ҳафтаи ихтироъкорӣ ва навоварии кӯдакону наврасон» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».
Идома







