Умар Раҳимов дастпарвари гӯштини тарзи озод
Шоми Панҷакент
Ифтихор
Ангубин
Бахшида ба ҷашни Истиқлолият.
Ахтарони фурӯғ
Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу 100 варзишгар муаррифӣ менамоянд.
ДУШАНБЕ, 12.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ дар Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ, ки дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, беш аз 100 варзишгарро ҷалб намуд. Варзишгарони тоҷик аз 40 намуди дар барномаи Бозиҳои Осиёӣ пешбинишуда дар 18 намуди он иштирок менамоянд. Дар ин хусус ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.
Аксари федератсияҳои Тоҷикистон аллакай ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистонро оид ба намудҳои худ, аз ҷумла ҷудо, бокс, ҷиу-ҷитсу ва ғайра эълон намудаанд. Ба ин тартиб, ба ҳайати дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон 13 варзишгар шомил шуд. Ин бори аввал аст, ки даста бо маҷмуи пурра – дар ҳамаи 13 вазн ба Бозиҳои Осиёӣ меравад.
Варзишгарони тоҷик аз рӯи намудҳои шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, қаиқронӣ ва каноэ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо WT, каратэ-до, ушу, кураш, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, теннис ва тенниси рӯи миз низ дар Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ханжоу баромад менамоянд. Бори нахуст дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Бозиҳои Осиёии соли 2023 дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 23 сентябр то 8 октябри соли равон баргузор мешаванд. Дар ин мусобиқа 481 маҷмуи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.
Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ханжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян — Нинбо, Вэнчжоу, Тсзинхуа, Шаосине ва Хучжоу доир мегарданд.
Бозиҳои Осиёӣ шуруъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо иштирок намуда, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4 –тои он медали тилло, 6 нуқра ва 17 биринҷӣ мебошад.

Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
ДУШАНБЕ, 12.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.
Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.
Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,
— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Садриддин Айнӣ намоиш-фурӯши шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав,
— дар Боғи Наврӯзгоҳ намоиш-фурӯши шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакӣ,
— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Алишер Навоӣ намоиш-фурӯши шаҳри Ваҳдат,
— дар Боғи Кӯли Ҷавонон намоиш-фурӯши ноҳияҳои Варзоб ва Сино доир мегардад.
Ҳамзамон 14 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва Фестивали оши палав дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ташкил мешавад.

Пешвои миллат бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — СИЁСАТМАДОРИ БАРҶАСТАИ САТҲИ ҶАҲОНӢ. Эҳтироми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи миллату давлат ва соҳибистиқлолии он аст.

ДУШАНБЕ, 09.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дарвоқеъ, рушду тавсеаи равобит бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳои ҷаҳон дар низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи бунёдгузори сиёсати хориҷии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидои ба даст овардани истиқлолият то имрӯз аз муҳимтарин ва авлавиятноктарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи сиёсӣ таҳлил ва хулосагирӣ менамуданд, ки иҷрои вазифаҳои ниҳоят вазнин ва печидаи бунёд ва таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули қудрати иқтисодии он бе ҳамкории сиёсию иқтисодии фарогир бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон имконнопазир аст. Чунин ибрози назар намуд муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Парвиз Муҳаммадзода.
Идома««ТОҶИКОН» — ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Аз 12 то 22 сентябр даври сеюми озмун доир мешавад.
ДУШАНБЕ, 11.09.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз пагоҳ даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» бо иштироки 1605 нафар довталаб оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар даври якуми озмун 140 ҳазору 787 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 19 ҳазору 735 нафар дар даври дуюми озмун иштирок намуданд. Аз теъдоди иштирокчиёни даври дуюми он 1605 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд.
Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» соли аввал аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад. Он ба дарёфти чеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони лаёқатманд, худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва таърихдон мусоидат менамояд.
Дар озмун соли равон довталабони зиёде иштирок намуданд.
Раиси комиссияи озмун ба аъзои ҳакамон дастур додааст, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, аз рӯйи принсипи ягона ба иштирокчиён баҳо гузоранд ва нафарони лаёқатмандро ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Инчунин ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур шуморида шуд, ки ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Даври сеюми озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 12 то 22 сентябр баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем ки Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад.
