Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11- уми шаҳри Душанбе 2339 нафар хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Тибқи иттилои масъулин 11 нафар хонандагон дар олимпиадаи фаннӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд. Тавре мушоҳида шуд, дар таълимгоҳ 65 синфхона мавҷуд буда, аз ин шумора 7 синфхонаи фаннӣ  бо асбобу таҷҳизотҳои  муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ҳамзамон муассиса дорои 9 адад тахтаи электронӣ, 2 синфхонаи лингафонӣ, 2 синфхонаи техналогияи иттилотӣ бо 148 адад компютер муҷаҳҳаз мебошад, ки ҳамаи он дар ҳолати корӣ қарор доранд.

Бадминтон яке аз риштаҳои маъмулу машҳури соҳаи варзиш мебошад. Ин риштаи варзиш дар ноҳияи Кӯшониён сол то сол рушд  карда, имрӯзҳо зиёда аз 80 нафар наврасону ҷавонони ноҳия ба ин намуди варзиш бо майлу рағбати беандоза машғуланд. Дар муассисаи таълимии рақами 14-и ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия толори махсус барои гузаронидани тамрини риштаи бадминтон ва мусобиқаҳо  муҳайё буда, мураббиёни мактаби варзишии ноҳия бо гуруҳҳои махсуси бадминтонбоз дар вақтҳои муайяншуда машқу тамрин мекунанд. Аз рӯи ин намуди варзиш  дастпарварони муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия  дар  мусобиқа ва чемпионатҳои  Осиёи Марказӣ  ва Авруосиё фаъолона ширкат варзида, 3 нафар ба гирифтани ҷойҳои дуюм ва сеюм мушарраф  гаштаанд. 

Бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии  Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти миллӣ-тарғибгари арзишҳои истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-оммавӣ доир карда шуд. Дар ҳамоиши мазкур муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорону омӯзгорони факултетҳои журналистика иштирок намуданд. Тазаккур дода шуд, ки  матбуот дар воқеъ яке аз рукнҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Он агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими асолати миллӣ, пояи давлатдорӣ, худшиносии ҷомеа ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мебозад. Дар анҷоми ҳамоиш барои ҳамкории судманд ба як зумра роҳбарони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ифтихорнома тақдим гардид.