ДУШАНБЕ, 11.12.2023. /АМИТ «Ховар»/. 48 нафар ғолибу ҷоизадори Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмоту шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» бо туҳфаҳои пулӣ аз 1000 то 6000 сомонӣ, медал, диплом ва ҷом қадрдонӣ шуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ИдомаИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮҲҲО. 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар минтақаҳои кӯҳистон зиндагӣ менамояд.
ДУШАНБЕ, 11.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Қариб 10 фоизи аҳолии Тоҷикистон ва 20 фоизи аҳолии кураи Замин дар баландиҳои зиёда аз 1000-2000 метр аз сатҳи баҳр ва беш аз он- дар минтақаҳои баландкӯҳи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ менамоянд. Имрӯз, 11 декабр Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо /International Mountain Day/ маҳсуб мешавад. Ин сана бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ моҳи январи соли 2003 сабт гардида, бо қатъномаи A/RES/57/245) маъмул аст.

«Сайре дар осорхона»
«Таҳамтан»
«Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» — Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон
«Сафои саҳар»
БАХШИДА БА РӮЗИ ГЕОЛОГҲО. Конҳои Тоҷикистон дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошанд.
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноати истихроҷи маъдани кӯҳӣ ташкил ва рӯ ба инкишоф ниҳод. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ истеҳсоли сурб, руҳ, тилло, нуқра, мис, қалъагӣ, сурма, симоб, флорит, булӯри кӯҳӣ, сангҳои қиматбаҳо, ба мисли лаъл, лоҷувард, фирӯза ва ғайра, ҳамзамон намаксанг, масолеҳи сохтмонӣ, ангишт, нафт, гази табиӣ, обҳои маъданӣ ва ҳоказо ба роҳ монда шудааст, ки ба манфиати хоҷагии мамлакат ва пур шудани қисми буҷети ҷумҳурӣ равона шудааст. Ин матлабро Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар мақолааш бахшида Рӯзи геологҳо, ки 9 декабр дар Тоҷикистон эълон гардидааст, баён дошт.
ИдомаТАМОШОИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ БО ВОЛИДАЙН. Ба ҳукми анъана даромадани он дар тарбияи ватандўстии фарзандон нақши муҳим мегузорад.
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Муғ», ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра навсозӣ шуда, 25 июни соли 2018 ифтитоҳ гардид, ба макони писандидаи сайёҳони дохилию хориҷӣ табдил ёфтааст. Онҳо аз дўкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Истаравшан мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Баъди навсозии ин қалъа даҳҳо нафар ҳунармандон дар ин ҷо бо ҷойи кор ва шуғл таъмин гашта, сатҳи зиндагии худро боло бурдаанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.




Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Чин бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд.

Дар Маҷлиси намояндагон «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
ДУШАНБЕ, 08.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он иҷрои «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Идома







