Перейти к содержимому
 

Байни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем, 22 август дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Дар доираи Ёддошт ҷонибҳо дар самти табодул ва таҳияи контентҳои муштарак, аз ҷумла хабарҳо, гузоришҳои мавзуӣ, барномаҳо, филмҳои мустанад, инъикоси рӯйдодҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои ду ҷумҳурӣ ҳамкорӣ менамоянд.

Инчунин ҳарду ҷониб дар доираи тавон ва имкон ба шабакаҳои давлатии телевизионӣ ва радиоие, ки дар ҳудуди ду давлат пахш мегарданд,  мусоидат  намуда, кумаки техникӣ мерасонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 23.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар доираи имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Идома

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, ки бо сафари давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор шуд.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар Маркази хизматрасонии “Дунёи ош”-и пойтахт аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ боздид намуданд.

Идома

22.08.2024, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Дӯстони азиз,

Пеш аз ҳама, мехостам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам бори дигар меҳмони азизамон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро самимона хайрамақдам гӯям.

Идома

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар баробари баррасии масоили иқтисодию иҷтимоӣ, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба яке аз кӯчаҳои Остона додани номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ ва гузоштани нимпайкараи ӯ дар ин шаҳр, инчунин чун рамзи эҳтиром ба халқи қазоқ номи мутафаккири барҷаста Абайро гирифтани яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон ва гузоштани нимпайкараи ӯ дар шаҳри Душанбе намунаи барҷастаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг маҳсуб мешавад.

Идома