Перейти к содержимому
 

5 июл дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон маросими ифтитоҳи биноҳои Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Идома

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Дӯстони гиромӣ!

Нахуст бо камоли самимият мехоҳам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам меҳмони азизамон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпинро бори дигар хайрамақдам бигӯям.

Идома

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат маросими имзо ва табодули санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.

Дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо дар маҷмуъ 29 ҳуҷҷати муҳими танзмкунандаи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф имзо карда шуд.

Идома

5 июл пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин дар Қасри миллат бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин - ордени “Дӯстӣ” баргузор гардид.

Идома

Баррасии масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар вохӯрии хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом - Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ва ҳайати расмии кишвари ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Идома

5 июл маросими истиқболи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар майдони Қасри миллат, ки ба ин хотир идона ороста буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Идома

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.

Идома

Дар ҳошияи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии иттилоотии “Синхуа” мусоҳиба анҷом доданд.

Идома