Перейти к содержимому
 

Бо ибтикори шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо мақсади  муайян намудани сатҳи забондонии хонандагону омӯзгорони Муассисаҳои таълимӣ ва Литсейю Гимназияҳои ҳудуди ноҳияи номбаршуда, озмуни «Беҳтарин донандаи луғат» бо 3 забон - забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ  роҳандозӣ гардид. Ин тадбири ақлонию зеҳнӣ дар толори таълимгоҳи рақами 10-уми ноҳияи мазкур доир гардида, дар он хонандагон аз синфҳои 5 то 11 ширкат варзиданд. Мавриди қайд аст, ки озмуни «Беҳтарин донандаи луғат» маротибаи аввал дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рӯи китоби «Луғати вожаҳои серистеъмоли  забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ», ки 400 луғату калимаҳои серистеъмоли ин забонҳоро дар бар гирифтааст гузаронида шуд.

Тӯли се рӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» идома ёфт. Дар даври муассисавӣ донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон аз 19 факултаи Донишгоҳ ва сохторҳои мухталифи  ин макони илму маърифат фаъолона иштирок намуданд. Тибқи маълумот дар ин сабқати зеҳнӣ  зиёда аз 150 довталаб ширкат варзида, назди аъзои ҳакамон  дониш ва маҳорати хешро нишон доданд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб чорабинии маърифатӣ баргузор шуд. Дар ин тадбир омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии Литсейи хусусии «Роҳнамо» -и ш. Душанбе,инчунин масъулини китобхона ва дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд. Иштирокдорон аз эҷодиёти гуногунҷабҳаи сардафтари адабиёти рус Александр Сергеевич Пушкин шеъру пандҳои пурҳикматро қироат карданд. Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокдорони фаъол сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ омили  пешгирии падидаҳои номатлуби кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар тадбири мазкур масъулини Вазорати маориф ва илми ҶТ, намояндагон аз ташкилотҳои мухталиф, ҳамзамон гирандагони стипендияи Президентӣ аз муассисаҳои таълимии пойтахт ҳузур доштанд. Дар чорабинӣ қайд гардид, ки ҶТ пешгирӣ ва мубориза бар зидди тероризм ва экстремизмро  ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои заруриро меандешад.

Дар кохи Парфенони ш.Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони беҳтарин дар соли 2022 баргузор гардид. Ҳамин тариқ паҳлавони номдори кишвар Темур Раҳимов, ки дар чемпионати Осиё оид ба гӯштини ҷудо сазовори ҷои дуюм гардид, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуд. Илова бар ин Темур Раҳимов беҳтарин варзишгар байни калонсолон дар соли 2022 эътироф гашт. Ҳамчунин гӯштингирон Шодмон Ризоев, Эмомалӣ Нуралӣ, Сомон Маҳмадбеков, Асламҷон Азизов, Муҳаммадамин Абдуллоев, боксчиён Баҳодур Усмонов, Акбаралӣ Абдураҳмонзода, Шаҳбоз Ҳаитов, Сумая Қосимова, таэквондочӣ Моҳрӯ Ҳалимова бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.