Перейти к содержимому
 

ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт озмуни шаҳрии «Доноякон» оғоз гардид. Дар он 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт байни ҳам рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.

Озмуни мазкур дар асоси нақшаи чорабинии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусияти фардии кӯдакон баргузор мегардад.

Тибқи Низомнома озмуни мазкур дар 3 давр: муассисавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуда, даври муассисавии он моҳи ноябр гузаронида шуд ва 239 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт ба даври ноҳиявӣ пешниҳод гардид.

Дар умум дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 239 тарбиятгиранда аз 76 муассисаи таълимии томактабии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар натиҷа 43 тарбиягиранда аз 37 муассисаи таълимии томактабии пойтахт ғолиб дониста шуда, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Тартиби баҳогузорӣ ва муайян намудани ғолибон аз рӯи саволномаи дар варақаи баҳогузории озмуни «Доноякон» ба роҳ монда шуда, ғолибон муайян мегарданд.

Аз ҷумла, барои нақли афсона, аз ёд намудани шеърҳо ва нақл аз рӯи расм то 10 хол ва барои шартҳои дигари озмун – номбар намудани калимаҳо бо овозҳои садоноку ҳамсадо, бо истифодаи 3 то 6 калима сохтани ҷумлаҳо, бо тартиб ҳисоб кардан аз 1 то 20 ва баръакс, тасаввуроти кӯдакон дар бораи ҳалли муаммоҳои математикӣ, расмкашӣ аз рӯи супориш то 5 хол гузошта мешавад.

Озмуни мазкур 20 апрел ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

ДУШАНБЕ, 17.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз 19 то 22 апрел дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера дар назар буда, чангу ғубор ба амал меояд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон (Носири Хурсрав, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Панҷ, Румӣ, Вахш, Данғара, Восеъ, шаҳрҳои  Бохтару Кӯлоб), шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (Ёвон, Норак, Турсунзода, Ҳисор, шаҳрҳои Ваҳдат, Душанбе) чангу ғубор ба амал меояд.

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва шимолии вилояти Суғд (Истаравшан, Спитамен, Мастчоҳ,  Ҷаббор Расулов, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Панҷакент)  бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шимолӣ ба мамлакат ворид гардидааст), баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад.

Агентӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои нақлиётӣ ва бурдани корҳои саҳроӣ худдорӣ намоянд.

Ба иттилои агентӣ, аз 19 то 22 апрел дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят 19 апрел борони кӯтоҳмуддат борида, 20-22 апрел ҳавои бебориш дар назар аст. Дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. 19 апрел чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.

Дар ин рӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. 19-21 апрел дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад.