Перейти к содержимому
 

Дар Муассисаи томактабии рақами 30- юми ш. Душанбе даври шаҳрии озмуни мазкур бо иштироки ғолибони даври ноҳиявии 4 ноҳияи пойтахт, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ баргузор гардид. Дар даври  ҷамъбастии озмуни мазкур дўстрўякони фаъол ва қобилиятнок, ки 48 нафар  буданд аз тамоми Муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пойтахт ҳунар ва маҳорати худро дар назди ҳайати ҳакамон нишон доданд. Дар натиҷа 13 нафари онҳо сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд. Ва 7 нафар иштирокчии фаъоли дигар бо мукофотҳои  Сарраёсати маорифи  шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Даври ноҳиявии Фестивал-озмуни «Шукуфаҳои пойтахт», бо иқдоми Маркази эҷодии кўдакон ва наврасони ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки дастаҳои ҳунарии Муассисаҳои таълимии рақамҳои 3, 5, 22, 24,30,42 дар толори фарҳангии Муассисаи таълимии рақами 42- юми шаҳри Душанбе баргузор гардид. Тибқи иттилои масъулин  дар тадбири мазкур  дастаҳои ҳунарӣ аз 33 Муассисаи таълимии ноҳияи  Фирдавсӣ ширкат варзиданд. Хонандагон аз рўи 9 шарт, маҳорати ровигӣ ё суханварӣ, суруди якка, рақси якка ва умумӣ, маҳорати ҳунармандӣ ё актёрӣ, суруди умумӣ, навозиши асбобҳои мусиқӣ ва бадеҳа, баромади озод маҳорати  худро дар назди аъзои ҳакамон ва дўстдорони фарҳанг нишон доданд. Даври ноҳиявии тадбири мазкур 3-рўз дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома меёбад.

Дар МТМУ рақами 28-уми ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои забономӯзии насли наврас чораю тадбирҳои мушаххас андешида, таълими фанҳои забонҳои англисӣ, олмонӣ ва русиро ба омӯзгорони соҳибтахассус вобаста намуданд, ки ин ҷиҳат ба пешрафти таълиму тарбия мусоидат намуд ва иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба хусус забонҳои хориҷӣ хубтару беҳтар гардидааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили равон муҳассилини таълимгоҳ дар озмунҳои "Забон донӣ - ҷаҳон донӣ, Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ва олимпиадаҳои фаннӣ дар даври ҷумҳуриявӣ аз фанҳои технологияи иттилоотӣ  ва  физика соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд.

Аз 23 то 29 апрели соли равон дар ҳамаи мамлакатҳои Аврупо, аз он ҷумла дар ҶТ, Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баргузор мегардад. Вобаста ба ин дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони Васоити ахбори омма доир гардид. Ҳамоиш оид ба хафтаи аврупои иммунизатсия дар ҶТ бо ташаббуси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика"  баргузор гардид. Мақсади асосии ин чорабинии муҳим баланд бардоштани сатҳи дониши аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва муҳофизат намудани кӯдакон аз бемориҳои сирояткунанда аз он ҷумла сил, гулузиндонак, сурхча баногӯшак, фалаҷ, кабудсулфа, сироатҳои ротавирусӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 25.04.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз 26 то 30 апрел аз рӯи усули «Дар меҳмонии ҷавонони манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир!» дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳристон, Деваштиҷ, Бӯстон, Гулистон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд меҳмонӣ сурат мегирад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи мазкур.

Дар доираи меҳмонии ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мазкур барномаҳои гуногун, аз ҷумла, ҳамоишу фестивал, семинару барномаи консертии «Шоми ҷавонӣ» доир шуда, баргузории бозиҳои гуногуни варзишӣ низ дар назар дошта шудааст. Инчунин иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихии ин шаҳру ноҳияҳо дидан менамоянд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  таҳкими сулҳу субот дар мамлакат мебошад.